https://sputnik.tj/20240103/furudgoh-khujand-musofirkashoni-rekord-tafsilot-1061155034.html
Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд дар мусофиркашонӣ рекорд гузошт: тафсилот
Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд дар мусофиркашонӣ рекорд гузошт: тафсилот
Sputnik Тоҷикистон
Ягона фурудгоҳи бузурги шимоли Тоҷикистон интиқоли мусофиронро ба ҳадди рекордӣ расонидааст, ки бештараш ба ширкатҳои русӣ рост меояд
2024-01-03T15:15+0500
2024-01-03T15:15+0500
2024-01-22T14:44+0500
дар тоҷикистон
хуҷанд
фурудгоҳ
мусофиркашонӣ
нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/03/1061154868_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_272941ce9e45d232a827ff9259352955.jpg
ДУШАНБЕ, 3 янв – Sputnik. Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд дар соли 2023 ба як миллион мусофир хидматрасонӣ кардааст.Ин нишондиҳандаи рекордӣ буда, фурудгоҳ дар тӯли фаъолияти худ барои аввалин бор ба ин нишондиҳанда ноил шудааст.Дар бораи ин нишондиҳандаи оморӣ Юсуф Маюсуфов, масъули матбуотии Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод. Бино ба гуфти ӯ, дар ин давра шумори хатсайрҳои байналмилалӣ 3, 3 ҳазор адад сурат гирифта, шумори мусофирон аз 1 млн гузашт. Бино ба иттилоъи манбаъ, барои интиқоли бахши аъзами мусофирон ширкатҳои ҳавопаймоии Русия саҳми бештар гузоштаанд. Барои мисол дар ин давра беш аз 73%-и мусофирон парвозро бо ширкатҳои “Урал” ва “Сибир” анҷом додаанд. Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” 18,8%, “Норд вин” 5,4%, “Ют Эйр” 4,3% ва “Ямал” 1,8% дар интиқоли мусофирон саҳм доштаанд. Соли 2022 шумори мусофирони фурудгоҳи Хуҷанд 910 ҳазор нафар баробар шуда буд, ки ин рақам нисбат ба соли 2023 10% камтар аст.Ду сол пеш ҳаҷми даромади Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд беш аз 139 млн сомонӣ рақам зада мешуд. Соли 2022 Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бо пардохти 52 миллион сомонӣ дар қатори андозсупорандагони бузург дар кишвар муаррифӣ шуда буд.
https://sputnik.tj/20230210/oghoz-parvoz-muntazam-shirkat-aeroflot-dushanbe-1054818689.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/03/1061154868_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_99cab211b556603f8a97e8ecdf3f275e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фурудгоҳ хуҷанд мусофиркашонӣ рекорд тафсилот
фурудгоҳ хуҷанд мусофиркашонӣ рекорд тафсилот
Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд дар мусофиркашонӣ рекорд гузошт: тафсилот
15:15 03.01.2024 (Навсозишуда: 14:44 22.01.2024) Ягона фурудгоҳи бузурги шимоли Тоҷикистон интиқоли мусофиронро ба ҳадди рекордӣ расонидааст, ки бештараш ба ширкатҳои русӣ рост меояд
ДУШАНБЕ, 3 янв – Sputnik. Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд дар соли 2023 ба як миллион мусофир хидматрасонӣ кардааст.
Ин нишондиҳандаи рекордӣ буда, фурудгоҳ дар тӯли фаъолияти худ барои аввалин бор ба ин нишондиҳанда ноил шудааст.
Дар бораи ин нишондиҳандаи оморӣ Юсуф Маюсуфов, масъули матбуотии Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
Бино ба гуфти ӯ, дар ин давра шумори хатсайрҳои байналмилалӣ 3, 3 ҳазор адад сурат гирифта, шумори мусофирон аз 1 млн гузашт.
“Аз ин шумора 515 ҳазор нафар гусел карда шуда, 485 ҳазор нафар фуруд омадаанд”, – гуфт, Маюсуфов.
Бино ба иттилоъи манбаъ, барои интиқоли бахши аъзами мусофирон ширкатҳои ҳавопаймоии Русия саҳми бештар гузоштаанд.
Барои мисол дар ин давра беш аз 73%-и мусофирон парвозро бо ширкатҳои “Урал” ва “Сибир” анҷом додаанд.
Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” 18,8%, “Норд вин” 5,4%, “Ют Эйр” 4,3% ва “Ямал” 1,8% дар интиқоли мусофирон саҳм доштаанд.
Соли 2022 шумори мусофирони фурудгоҳи Хуҷанд 910 ҳазор нафар баробар шуда буд, ки ин рақам нисбат ба соли 2023 10% камтар аст.
Ду сол пеш ҳаҷми даромади Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд беш аз 139 млн сомонӣ рақам зада мешуд.
Соли 2022 Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бо пардохти 52 миллион сомонӣ дар қатори андозсупорандагони бузург дар кишвар муаррифӣ шуда буд.