"Аэрофлот" ба Душанбе парвозҳои мунтазам роҳандозӣ мекунад

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкСамолет авиакомпании "Аэрофлот". Архивное фото
Самолет авиакомпании Аэрофлот. Архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2023
Обуна шудан
Ширкати ҳавоии “Аэрофлот”-и Русия эълом дошт, ки дар ояндаи наздик ба шаҳри Душанбе парвозҳои мустақими мунтазамро роҳандозӣ хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Ширкати ҳавоии “Аэрофлот”-и Русия аз шаҳри Санкт-Петербург ба Душанбе парвозҳои мустақими доимӣ анҷом медиҳад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ин ширкати ҳавоӣ.
Парвозхо хафтае ду маротиба тариқи ҳавопаймоҳои “Боинг 737” анҷом дода мешавад.
Парвозҳои ширкати “Аэрофлот” рӯзҳои ҷумъа ва якшанбе аз фурудгоҳи Санкт-Петербург ва Душанбе сурат мегирад.
Дар ҳоли ҳозир аз Тоҷикистон ба Русия ширкатҳои ҳавопаймоии "Сибир", "Уралские авиалинии", "Ямал", "Северный ветер", "UTAir" ва ширкати тоҷикистонии "Сомон Эйр" парвоз мекунанд.
Cамолет Boeing 737 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2023
Маълум шуд, ки нахустин парвози “Georgian Airways” ба Душанбе кай сурат мегирад
"Аэрофлот" бузургтарин ширкати ҳавопаймоии Русия аст. “Aeroflot Group” яке аз ширкатҳои пешсаф дар авиатсияи граждании Русия дониста мешавад.
Соли 2022 ширкати “Аэрофлот” 20,5 миллион нафар ва бо назардошти ширкатҳои ҳавопаймоии “Aeroflot Group” 40,7 миллион нафарро интиқол додааст.
"Аэрофлот" яке аз қадимтарин ширкатҳои ҳавопаймоии ҷаҳон аст. Ширкат 99 сол боз фаъолият дорад ва яке аз маъруфтарин брендҳои Русия мебошад.
Лентаи хабарҳо
0