Дар Суғд 7 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст

© Sputnik / Амир ИсаевВетерану ВОВ Олегу Соболеву вручили юбилейную медаль
Ветерану ВОВ Олегу Соболеву вручили юбилейную медаль  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.01.2024
Обуна шудан
Мақомоти вилояти Суғд гуфт, дар қаламрави вилоят 7 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаётанд. Феълан дар бисёри навоҳӣ, аз ҷумла ВМКБ ягон куҳансарбоз намондаст
ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят Суғд иттилоъ додааст, ки то 1 декабри соли 2023 - юм 7 нафар маъюбу иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст.
Ҳамчунин ба иттилои манбаъ дар ҳудуди вилоят 10 нафар, ки дар ақибгоҳ кору хизмат карда, бо орден ва медали "Барои меҳнати шоён дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945" мукофотонида шудаанд ва 59 нафаре, ки солҳои ҷанг дар ақибгоҳ кор кардаанд, ё дар хизмати ҳарбӣ буданд боқӣ мондаанд.
Инчунин ба иттилои Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят Суғд ин созмонро беш аз 11 ҳазору 117 нафар собиқадорони меҳнатро муттаҳид менамояд.
Таъкид шудааст, ки айни замон, дар вилоят 336 нафар гирандагони нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон умр ба сар мебаранд.
Медали ветерана ВОВ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2023
Раиси Суғд гуфт, барои табобату истироҳати собиқадорон чӣ қадар маблағ равона карданд
Миқдори умумии нафақагирон дар вилоят 249 ҳазору 192 нафар буда, беш аз 12 ҳазору 600 нафарашон фаъолияти меҳнатӣ доранд.
Ёдовар мешавем, ки ба ҳолати аввали моҳи майи соли гузашта дар Тоҷикистон 37 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 дар қайди ҳаёт монда буд.
Он замон дар вилояти Хатлон - 14 куҳансарбоз, дар Суғд - 11, дар Душанбе - 6 дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ низ 6 куҳансарбоз иқомат мекард.
Лентаи хабарҳо
0