Раиси Суғд гуфт, барои табобату истироҳати собиқадорон чӣ қадар маблағ равона карданд

© Sputnik Медали ветерана ВОВ
Медали ветерана ВОВ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2023
Обуна шудан
Дар шаҳри Хуҷанд машварати ҷумҳуриявии раисони шӯрои собиқадорони вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ баргузор гардид, ки раиси Суғд низ дар он иштирок кард
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Раиси Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода аз кори Шӯрои собиқадорон тавсиф кард, ки дар тарбияи ахлоқию маънавии сокинон, бахусус ҷавонони вилоят, фаъолона ширкат мекунанд.
Аҳмадзода гуфт, ҳукумат низ дар навбати худ нисбати собиқадорон пайваста ғамхорӣ мекунад ва зикр намуд.
Ӯ афзуд, ки ба собиқадорони ҷангу ақибгоҳи солҳои ҷанг ва ашхоси имтиёзашон ба онҳо баробар аз ҳисоби ҳукумати Суғд аз соли 2021 инҷониб кӯмакпулии ҳармоҳа ҷудо карда мешавад, ки соли равон беш аз 1 ҳазор нафар аз он бархӯрдор шуда, дар маҷмӯъ наздики 1,3 млн сомонӣ кумакпулӣ гирифтанд.
Фазои пирӯзи дар Суғд: Таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Хуҷанд  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2023
Фазои пирӯзӣ дар Суғд: Таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Хуҷанд – видео
Вай зикр намуд, ки дар арафаи 78-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳар як иштирокчии ҷанг 7 ҳазор сомонӣ, ба ҳар собиқадори ақибгоҳи солҳои ҷанг - 4 ҳазор сомонӣ ва дар маҷмуъ ба 101 нафар, 377 ҳазор сомонӣ пардохт гардид.
Барои беҳбуди хизматрасонии тиббӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат фақат дар соли 2022 наздики 194 ҳазор сомонӣ равона шуд.
"Соли 2023 барои 92 роҳхати осоишгоҳ 162 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид, ки пирони хирад саломатиашонро барқарор карда истодаанд", - афзуд раиси вилоят.
Вай афзуд, ки чораандешиҳо барои беҳдошти вазъи зисту зиндагӣ ба собиқадорон хизматҳои кафолатноки иҷтимоӣ ва тиббӣ идома дода хоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0