https://sputnik.tj/20240102/sarvazir-omodagi-nihodho-konferensiyai-baynalmilali-ob-1061152091.html
Сарвазир омодагии ниҳодҳо ба Конференсияи байналмилалӣ дар бораи обро баррасӣ кард
Сарвазир омодагии ниҳодҳо ба Конференсияи байналмилалӣ дар бораи обро баррасӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Таҳти раёсати Сарвазири Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи тадорокути конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об баргузор гардид
2024-01-02T17:24+0500
2024-01-02T17:24+0500
2024-01-02T17:24+0500
дар тоҷикистон
қоҳир расулзода
сарвазир
конфронс
конфронси байналмиллалӣ
омодагиҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0e/1058817637_0:0:2990:1682_1920x0_80_0_0_41ad869feada3dc4f1327dece5a6c8a6.jpg
ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи нахустини Кумитаи тадорокути Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба "Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор, 2018-2028" баргузор гардид.Ба иттилои АМИТ “Ховар” дар кори ҷаласа роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори дар бораи ҷараёни омодагӣ ва корҳои ташкилӣ вобаста ба баргузории ин чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ, ки дар масъалаи об ва иқлим доир мегардад, ҳисобот доданд.Таъкид шуд, ки Конференсияи сеюми байналмилалӣ моҳи июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар кори он иштироки роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои якчанд мамлакатҳои ҷаҳон ва ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ пешбинӣ шудааст.Тибқи барнома, дар ҳошияи Конференсияи сатҳи баланди байналмилалӣ баргузории муколамаҳои муштарак, форум ва ҷаласаҳои алоҳида доир ба масъалаҳои об ва иқлим дар нақша аст.Иттилоъ дода шудааст, ки сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода барои омодагии сатҳи баланд ва вусъати корҳои ташкилию ташрифотӣ ба ин чорабинии сатҳи баланд аъзои Кумитаи тадорукот ва роҳбарони вазорату идораҳои мамлакатро вазифадор намуд.
https://sputnik.tj/20230926/suporish-rasulzoda-vaziron-afzoish-istehsol-sodirot-kishovarzi-1059596054.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0e/1058817637_141:0:2872:2048_1920x0_80_0_0_a741b058ed5ec502e7108fd4de36d225.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, расулзода, сарвазир, конфронс, байналмилалӣ, об, баррасӣ, тадорукот, ҷаласа
тоҷикистон, расулзода, сарвазир, конфронс, байналмилалӣ, об, баррасӣ, тадорукот, ҷаласа
Сарвазир омодагии ниҳодҳо ба Конференсияи байналмилалӣ дар бораи обро баррасӣ кард
Таҳти раёсати Сарвазири Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи тадорокути конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи нахустини Кумитаи тадорокути Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба "Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор, 2018-2028" баргузор гардид.
Ба иттилои АМИТ “Ховар” дар кори ҷаласа роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори дар бораи ҷараёни омодагӣ ва корҳои ташкилӣ вобаста ба баргузории ин чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ, ки дар масъалаи об ва иқлим доир мегардад, ҳисобот доданд.
Таъкид шуд, ки Конференсияи сеюми байналмилалӣ моҳи июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар кори он иштироки роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои якчанд мамлакатҳои ҷаҳон ва ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ пешбинӣ шудааст.
Тибқи барнома, дар ҳошияи Конференсияи сатҳи баланди байналмилалӣ баргузории муколамаҳои муштарак, форум ва ҷаласаҳои алоҳида доир ба масъалаҳои об ва иқлим дар нақша аст.
Иттилоъ дода шудааст, ки сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода барои омодагии сатҳи баланд ва вусъати корҳои ташкилию ташрифотӣ ба ин чорабинии сатҳи баланд аъзои Кумитаи тадорукот ва роҳбарони вазорату идораҳои мамлакатро вазифадор намуд.