https://sputnik.tj/20240102/iftitohi-filiali-donishgohi-davlatii-moliya-va-iqtisodi-tojikiston-dar-chin-1061152563.html
Ифтитоҳи филиали Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар Чин
Ифтитоҳи филиали Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар Чин
Sputnik Тоҷикистон
Ҳамкориҳои Байналмилалии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон густариш меёбанд. Ин донишгоҳ намояндагии худро дар хориҷ ифтитоҳ хоҳад кард
2024-01-02T19:05+0500
2024-01-02T19:05+0500
2024-01-04T15:09+0500
дар тоҷикистон
маориф
донишгоҳ
филиал
ифтитоҳ
чин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102469/93/1024699341_0:276:3150:2048_1920x0_80_0_0_1962ea4574af325fa88e5cd552da480f.jpg
ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Қарор аст филиали Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар яке аз шаҳрҳои Чин ифтитоҳ хоҳад шуд.Дар ин бора дафтари матбуоти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон хабар додааст.Ҳамчунин ба иттилои ин манбаъ, дар ҳамин донишгоҳ да Тоҷикистон намояндагии ширкати чинии Shangdon Lingsheng International Education and Technology LTD боз мешавад.Қайд карда шудааст, ки тасмими таъсиси филиали донишгоҳ зимни вохӯрии ректори донишгоҳ Ҳакимбек Абдуалимзода бо намояндагони ширкати чинӣ дар ҳайати Лю И, Чу Венлонг, Чжао Хунлянг ва Юй Янг мавриди баррасӣ қарор гирифт.Ҳамчунин зимни вохӯрии судманд мавзуъҳои гуногуни ҳамкорӣ бо ин ширкати машҳури чинӣ дар соҳаи илму маориф баррасӣ шуданд.Манбаъ зикр кардааст, ки ҳадаф аз вохӯрӣ ҳамоҳанг сохтани робита баҳри ҷалби донишҷӯёну муҳаққиқони чинӣ барои таҳсил дар донишгоҳ, ташкили филиали Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар Чин ва ҳамчунин ҷалби донишҷӯёну кормандони донишгоҳ барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Чин арзёбӣ гардид.
https://sputnik.tj/20231006/taqviyat-hamkori-tojikiston-belorus-bakhshi-maorif-1059831741.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102469/93/1024699341_239:0:2970:2048_1920x0_80_0_0_87766fca1a21bc5ac860c5d9b4a3d392.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, филиал, донишгоҳ давлатии молия ва иқтисод, чин, ифтитоҳ
тоҷикистон, филиал, донишгоҳ давлатии молия ва иқтисод, чин, ифтитоҳ
Ифтитоҳи филиали Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар Чин
19:05 02.01.2024 (Навсозишуда: 15:09 04.01.2024) Ҳамкориҳои Байналмилалии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон густариш меёбанд. Ин донишгоҳ намояндагии худро дар хориҷ ифтитоҳ хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Қарор аст филиали Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар яке аз шаҳрҳои Чин ифтитоҳ хоҳад шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон хабар додааст.
Ҳамчунин ба иттилои ин манбаъ, дар ҳамин донишгоҳ да Тоҷикистон намояндагии ширкати чинии Shangdon Lingsheng International Education and Technology LTD боз мешавад.
Қайд карда шудааст, ки тасмими таъсиси филиали донишгоҳ зимни вохӯрии ректори донишгоҳ Ҳакимбек Абдуалимзода бо намояндагони ширкати чинӣ дар ҳайати Лю И, Чу Венлонг, Чжао Хунлянг ва Юй Янг мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамчунин зимни вохӯрии судманд мавзуъҳои гуногуни ҳамкорӣ бо ин ширкати машҳури чинӣ дар соҳаи илму маориф баррасӣ шуданд.
Манбаъ зикр кардааст, ки ҳадаф аз вохӯрӣ ҳамоҳанг сохтани робита баҳри ҷалби донишҷӯёну муҳаққиқони чинӣ барои таҳсил дар донишгоҳ, ташкили филиали Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар Чин ва ҳамчунин ҷалби донишҷӯёну кормандони донишгоҳ барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Чин арзёбӣ гардид.