https://sputnik.tj/20231006/taqviyat-hamkori-tojikiston-belorus-bakhshi-maorif-1059831741.html
Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистону Белорус дар бахши маориф
Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистону Белорус дар бахши маориф
Sputnik Тоҷикистон
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон қайд кард, ки ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Беларус рӯз то рӯз дар самти таҳсилоти миёна ва олии касбӣ рушд менамояд
2023-10-06T19:36+0500
2023-10-06T19:36+0500
2023-10-06T19:36+0500
дар тоҷикистон
белорус
ҳамкорӣ
равобит
маориф
илм ва фанноварӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/1c/1059655313_0:17:1693:969_1920x0_80_0_0_e22bbfdd09cbec9c4004228c52140eae.jpg
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар шаҳри Мински Беларус дар доираи иштирок дар Форуми дуюми ректорони Беларус ва Тоҷикистон бо Вазири маорифи Беларус Андрей Иванетс мулоқот намуд.Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот масъалаҳои Нақшаи якҷояи амалишавии Шартнома дар бораи ҳамкорӣ байни Вазорати маорифи Беларус ва Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар самти маориф барои солҳои 2023 – 2026, татбиқи амалии лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои гуногуни соҳа, омӯхтани таҷрибаи пешқадам барои баланд бардоштани сифати таҳсил, омода намудани мутахассисони варзида ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар самти илму маориф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Вазири маорифи дар ин мулоқот таъкид кард, ки ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Беларус дар соҳаи маориф ва илм дар асоси созишномаҳои дуҷониба ба роҳ монда шуда, рӯз то рӯз дар самти таҳсилоти миёна ва олии касбӣ рушд менамояд.Вазири маориф таъкид намуд, ки соли гузашта байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Беларус ва Тоҷикистон 20 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, ки далели рӯшани рушди ҳамкории дуҷониба аст.Вазири маорифи Беларус Андрей Иванетс дар навбати худ иброз дошт, ки вохӯрии имрӯза сабаби вусъат пайдо намудани равобити дуҷонибаи минбаъда мегардад.
https://sputnik.tj/20230930/tojikiston-belorus-mablaghi-16-mln-dollar-sozishnoma-imzo-1059703971.html
белорус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/1c/1059655313_189:0:1505:987_1920x0_80_0_0_70c471d5f6ae65345e3973137d919e81.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, белорус, ҳамкорӣ, равобит, маориф, илм, вазорати маориф
тоҷикистон, белорус, ҳамкорӣ, равобит, маориф, илм, вазорати маориф
Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистону Белорус дар бахши маориф
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон қайд кард, ки ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Беларус рӯз то рӯз дар самти таҳсилоти миёна ва олии касбӣ рушд менамояд
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар шаҳри Мински Беларус дар доираи иштирок дар Форуми дуюми ректорони Беларус ва Тоҷикистон бо Вазири маорифи Беларус Андрей Иванетс мулоқот намуд.
Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот масъалаҳои Нақшаи якҷояи амалишавии Шартнома дар бораи ҳамкорӣ байни Вазорати маорифи Беларус ва Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар самти маориф барои солҳои 2023 – 2026, татбиқи амалии лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои гуногуни соҳа, омӯхтани таҷрибаи пешқадам барои баланд бардоштани сифати таҳсил, омода намудани мутахассисони варзида ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар самти илму маориф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вазири маорифи дар ин мулоқот таъкид кард, ки ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Беларус дар соҳаи маориф ва илм дар асоси созишномаҳои дуҷониба ба роҳ монда шуда, рӯз то рӯз дар самти таҳсилоти миёна ва олии касбӣ рушд менамояд.
Вазири маориф таъкид намуд, ки соли гузашта байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Беларус ва Тоҷикистон 20 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, ки далели рӯшани рушди ҳамкории дуҷониба аст.
Вазири маорифи Беларус Андрей Иванетс дар навбати худ иброз дошт, ки вохӯрии имрӯза сабаби вусъат пайдо намудани равобити дуҷонибаи минбаъда мегардад.