Тоҷикистониён соли 2024 чӣ қадар истироҳат хоҳанд кард?

Обуна шудан
Дар Тоҷикистон дар тӯли сол идҳои мухталиф, аз ҷумла байналмилалӣ, касбӣ, давлатӣ ва динӣ таҷлил мешавад, ки бархеи онҳо таътилу қисми дигарашон корӣ мебошанд
Ба манзури он ки тоҷикон таътили худро пешакӣ тарҳрезӣ кунанд, аз ҷумла бо назардошти иваз намудани рӯзи корӣ, Sputnik Тоҷикистон тасвирбаёни муфассалеро омода кардааст, ки рӯзҳои ғайрикориро инъикос мекунад.
Дар феҳрасти рӯзҳои ғайрикории ҷашнӣ, тибқи анъана аз ҷумла Соли нав, Рӯзи Модарон, Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Рӯзи Конститутсия мебошад.
Таътили мактаббачагон дар Тоҷикистон: зимистон - 2024
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро, ки расман 3 рӯз таҷлил мешавад, дар солҳои гуногун тоҷикон як ҳафтаи пурра таҷлил мекарданд.
Соли 2024 дар Тоҷикистон дар Наврӯз 6 рӯз таътил хоҳад дошт. Ҳамин тариқ, рӯзи панҷшанбеи 21 март рӯзҳои истироҳат оғоз шуда, то 26 март идома хоҳанд кард.
Рӯзҳои ид ва истироҳат дар қонун инъикос ёфта, баъдан агар зарурати иваз кардани рӯзҳои корӣ бо ғайрикорӣ пеш ояд, он бо қарори ҳукумат таъйид мешавад.
Лентаи хабарҳо
0