Таътили мактаббачагон дар Тоҷикистон: зимистон - 2024

Обуна шудан
Пас аз чанд рӯз мактаббачаҳои тоҷикро барои таътили зимистона мефиристанд. Хонандагони синфхои 1 то 11 то 10 январ истироҳат мекунанд
Дар Тоҷикистон ба наздикӣ мактаббачагон ба таътили зимистона шурӯъ мекунанд — семоҳаи дуюми таълим то 31 декабр ба охир мерасад.
Донишомӯзон метавонанд 10 рӯз истироҳат кунанд - таҳсил дар соли 2024 11 январ оғоз мешавад.
Бачаҳо имконият пайдо мекунанд, ки сайру гашт кунанд, ба варзиш машғул шаванд ва бо ҳам вохӯранд.
Дар Вазорати маориф ва илм хотиррасон карданд, ки дар ин давра мактаббачагон набояд таҳсилро фаромӯш кунанд - дар рӯзҳои холӣ аз дарс вақт ёфта, аз китобхонаҳое дидан кунанд, ки дар он барномаҳои мухталифи илмию адабӣ пешкаши хонандагон мегардад.
Агар имкон бошад, ба кӯдакон тавсия дода мешавад, ки аз забони русӣ, саводнокии компютерӣ ва фанҳои дақиқу табиатшиносӣ дарсҳои иловагӣ гиранд.
Баррасии масъалаи рушди илму маориф дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе
Ба онҳо рӯйхати асарҳои бадеӣ низ дода шудааст, ки дар рӯзҳои таътил мутолиа мекунанд.
Рӯзҳои таътили тӯлонӣ танҳо ба мактабачагон дахл доранд. Аҳолии калонсоли Тоҷикистон 2 январ ба кор мебарояд.
Лентаи хабарҳо
0