https://sputnik.tj/20231208/omuzishi-zaboni-rusi-rahmon-hizbi-hokim-1060795483.html
Аз омӯзиши забони русӣ то мубориза бо фасод: Раҳмон аз аъзои ҳизби ҳоким чӣ хост?
Аз омӯзиши забони русӣ то мубориза бо фасод: Раҳмон аз аъзои ҳизби ҳоким чӣ хост?
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки зимоми қудрат дар ҷумҳуриро дар даст дорад, аз амният то маориф баррасӣ шуд
2023-12-08T19:00+0500
2023-12-08T19:00+0500
2023-12-08T19:00+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
ҳхдт
маҷлис
президент
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/08/1060792552_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_7303325962ef26dddbc1d9152eefaebf.jpg
ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Кори ҲХДТ бахусус, дар шароити имрӯзаи кишвар, минтақа ва ҷаҳон ба таври устувор бояд ба роҳ монда шавад, изҳор дошт роҳбари ҳизб, Эмомалӣ Раҳмон. Ӯ дар ҷаласаи аъзои ҳизб, ҳушдор дод, ки тӯли чанд соли охир хусусияти низоъҳои сиёсӣ комилан тағйир ёфта, дар тамоми ҷаҳон ангезаи силсилаи таҳдидҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, техногенӣ ва табиӣ авҷ гирифтанд.Афзоиши захираҳои аслиҳаи қатли ом, терроризми байналмилалӣ, низоъ ва хушунатҳои ба таври сунъӣ ташкилшуда, афзоиши нодорӣ ва бекорӣ дар кишварҳои рӯ ба рушд, танқисӣ аз об, теъдоди зиёди паноҳандагон, истеҳсол ва интиқоли маводи мухаддир ба таҳдиди фарогири ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, гуфт вай. Президент таъкид намуд, ки ҲХДТ ба як нерӯи тавонои сиёсӣ табдил ёфтааст, ки дар сафҳои он беш аз 540 ҳазор нафар аъзо дар 7 ҳазор ташкилоти ҳизбӣ муттаҳид гардидаанд.Вазифаҳои асосии ҲХДТ дар марҳалаи нави рушди ҷомеа ва давлат дар барномаҳои пешазинтихоботии он ва қарорҳои анҷуманҳо, ки самтҳои муҳимтарини рушди мамлакатро то соли 2027 дар бар мегиранд, мушаххас гардидаанд, зикр намуд Раҳмон.Вай аз ҷумла ба арҷгузориву эҳтиром ба забони давлатӣ, тарғиби донистани забонҳои дигар, махсусан, забонҳои русӣ ва англисӣ даъват намуд. Президент аз ҳизби ҳоким хост, барои тавсеа ва тақвият бахшидани ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва амният, волоияти қонун, муборизаи беамон бар зидди коррупсия ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, тамоми қувва ва маҳорату истеъдоди аъзоёнашро сафарбар намояд.
https://sputnik.tj/20231206/safiron-navtayin-khostor-muloqot-1060750409.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/08/1060792552_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_70af7dfc3b02793b9ae6937f2068fc28.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, ҳизб, ҳоким, маориф, баррасӣ
эмомалӣ раҳмон, ҳизб, ҳоким, маориф, баррасӣ
Аз омӯзиши забони русӣ то мубориза бо фасод: Раҳмон аз аъзои ҳизби ҳоким чӣ хост?
Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки зимоми қудрат дар ҷумҳуриро дар даст дорад, аз амният то маориф баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Кори ҲХДТ бахусус, дар шароити имрӯзаи кишвар, минтақа ва ҷаҳон ба таври устувор бояд ба роҳ монда шавад, изҳор дошт роҳбари ҳизб, Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ дар ҷаласаи аъзои ҳизб, ҳушдор дод, ки тӯли чанд соли охир хусусияти низоъҳои сиёсӣ комилан тағйир ёфта, дар тамоми ҷаҳон ангезаи силсилаи таҳдидҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, техногенӣ ва табиӣ авҷ гирифтанд.
Афзоиши захираҳои аслиҳаи қатли ом, терроризми байналмилалӣ, низоъ ва хушунатҳои ба таври сунъӣ ташкилшуда, афзоиши нодорӣ ва бекорӣ дар кишварҳои рӯ ба рушд, танқисӣ аз об, теъдоди зиёди паноҳандагон, истеҳсол ва интиқоли маводи мухаддир ба таҳдиди фарогири ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, гуфт вай.
Президент таъкид намуд, ки ҲХДТ ба як нерӯи тавонои сиёсӣ табдил ёфтааст, ки дар сафҳои он беш аз 540 ҳазор нафар аъзо дар 7 ҳазор ташкилоти ҳизбӣ муттаҳид гардидаанд.
Вазифаҳои асосии ҲХДТ дар марҳалаи нави рушди ҷомеа ва давлат дар барномаҳои пешазинтихоботии он ва қарорҳои анҷуманҳо, ки самтҳои муҳимтарини рушди мамлакатро то соли 2027 дар бар мегиранд, мушаххас гардидаанд, зикр намуд Раҳмон.
Вай аз ҷумла ба арҷгузориву эҳтиром ба забони давлатӣ, тарғиби донистани забонҳои дигар, махсусан, забонҳои русӣ ва англисӣ даъват намуд.
Президент аз ҳизби ҳоким хост, барои тавсеа ва тақвият бахшидани ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва амният, волоияти қонун, муборизаи беамон бар зидди коррупсия ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, тамоми қувва ва маҳорату истеъдоди аъзоёнашро сафарбар намояд.