Ҳавои гарми бебориш дар арафаи Соли нави милодӣ

© SputnikПлощадь перед Государственным Цирком Таджикистана в Душанбе
Площадь перед Государственным Цирком Таджикистана в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.12.2023
Обуна шудан
Обуҳавошиносони кишвар мегӯянд, дар қаламрави Тоҷикистон тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад, аммо дар баъзе ноҳияҳо меғ мефарояд
ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Обу ҳаво дар Тоҷикистон тағйрёбанда хоҳад буд ва дар бархе ноҳияҳо сардии ҳаво то 26 дараҷа мерасад, иттилоъ дод Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар ғарб шабона то 14 дараҷа хунук, рӯзона то 7 дараҷа гарм, дар шарқ шабона то 26 ва рӯзона то 7 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо меғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона то 5 дараҷа хунук ва рӯзона то 8 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 7 дараҷа хунук ва рӯзона то 5 дараҷа гарм мешавад.
Дорожная техника расчищает автомобильную дорогу от лавины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2023
КҲФ аз барфкӯчиҳо дар Тоҷикистон ҳушдор дод
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона то 16 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 11 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона то12 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона то 6 дараҷа хунук, рӯзона то 8 дараҷа гарм мешавад.
Дар пойтахти кишвар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд. Ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм 2+4 дараҷа гарм ва рӯзона 9+11 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0