Баррасии масъалаи рушди илму маориф дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкВручение дипломов выпускникам, архивное фото
Вручение дипломов выпускникам, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2023
Обуна шудан
Дар Душанбе ректорону вазирони маорифи кишварҳои Осиёи марказӣ масъалаи рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти илму маорифро баррасӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Форуми дуюми ректорони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад, иттилоъ додааст дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ Форуми мазкур дар доираи нишасти панҷуми роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки аз 14 то 15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, баргузор мешавад.
Дар форум вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳамроҳ бо ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон иштирок намуда, барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти илму маориф изҳори назар менамоянд.
Форум имкон фароҳам меорад, ки ҳамкории давлатҳои мазкур дар самти маориф ва илм густариш ёфта, табодули устодону донишҷӯён зиёд гардад.
Флаги стран Центральной Азии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2023
Дар Душанбе натиҷаҳои мулоқоти раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ мешавад
Ёдовар мешавем, ки ҳамзамон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад.
Интизор меравад, ки дар ҷаласа матни лоиҳаҳои Изҳороти муштарак аз натиҷаи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, Изҳороти душанбегии сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА) ва номгӯи ҳуҷҷатҳои хотимавии саммитҳои дарпешистода мувофиқа шуда, барои баррасӣ ба сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод мешаванд.
14-15 сентябр дар шаҳри Душанбе таҳти раисии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА) баргузор мегарданд.
Лентаи хабарҳо
0