Маошу нафақа дар Тоҷикистон зиёд мешавад: Аз кӣ чанд фоиз?

© Sputnik Таджикские сомони в кошельке
Таджикские сомони в кошельке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон барои беҳбуди вазъи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод кард, ки аз соли оянда маошу нафақа ва стипендия зиёд карда шаванд
ДУШАНБЕ, 28 дек - Sputnik. Аз 1 январи соли 2023 музди меҳнати амалкунанди мақомоти ҳизфи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 40% зиёд карда мешавад.
Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, зимни ироаи паём ба парлумон баён дошт.
Бар асоси пешниҳоди президент, аз 1 июли 2023 музди кормандони маориф , илм тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо низ 40% афзоиш меёбад.
Инчунин аз июл андозаи нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо 30% зиёд карда шаванд, изҳор дошт Раҳмон.
Вай илова намуд, ки дигар нафақаҳои амалкунанда ба андозаи 20% аз меъёри нафақаи заминавӣ афзоиш меёбанд.
Ӯ ҳамзамон изҳор дошт, ки соли оянда ҳадди ақали музди меҳнат ба андозаи 800 дар моҳ муқаррар шавад.
Заглушка к инфографике Доходы бюджета Таджикистана в 2024 году - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2023
Даромади буҷаи Тоҷикистон дар соли 2024
Дар пайи ин пешниҳод Раҳмон дар хитоб ба вакилон изҳор дошт, ки дӯстони азиз ин корҳо нағзанд ва илова намуд, ки онро метавон боз ҳам бештар кард, агар ҳамаи мақомдорон софдилона меҳнат кунанд.
Президент зикр намуд, ки дар чунин сурат мешавад, ки ҳамасола чунин иқдомотро амалӣ намоем.
Раисҷумҳур дар хитоб ба мансабдорон афзуд, ки пас аз чунин иқдомот ба назди мардум раванд ва пасон муносиботро мебинанд, ки чӣ гуна хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0