Даромади буҷаи Тоҷикистон дар соли 2024

Обуна шудан
Соли 2024 даромади Тоҷикистон 15% афзоиш ёфта, ба 42,95 миллиард сомонӣ мерасад. Маълум аст, ки нишондиҳандаҳои қисмҳои асосии буҷа низ зиёд мешаванд
Хароҷоти буҷаи Тоҷикистон барои соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи манобеъи маблағгузорӣ ба маблағи 44,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли ҷорӣ 6 миллиард сомонӣ бештар аст.
Мувофиқи қонуни ҷумҳурӣ дар бораи буҷаи давлатӣ даромади мамлакат асосан аз даромади андоз — 26,34% вобаста аст. Дар ҷои дуюм грантҳо аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ қарор доранд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи лоиҳаи қонуни ҷумҳурӣ "Дар бораи буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2024" 44,1 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Қисмати зиёди маблағ ба соҳаи маориф равона мегардад. Афзоиши буҷет дар ин самт ба беш аз 14% расида, 8, 23 млрд сомониро ташкил медиҳад.
Ба соҳаи иҷтимоӣ қариб 19 млрд сомонӣ ва барои тараққиёти иқтисодӣ 15 млрд ҷудо мегардад.
Супориши Раҳмон ба масъулин дар бораи буҷаи давлат барои соли оянда
Ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаи фарҳанг ва варзиш 1,7 млрд ё қариб 15% бештар муқаррар шудаст.
Дар умум хароҷоти Тоҷикистон аз дахлаш дар соли оянда 1 млрд бештар пешбинӣ шудааст
Лентаи хабарҳо
0