Ихтисори мансабҳо дар вазоратхонаҳои Тоҷикистон: Раҳмон тасдиқ кард

© Foto / Хадамоти матбуоти Президенти УзбекистонЭмомали Рахмон подписывает документы на заседании глав государств СНГ в Душанбе
Эмомали Рахмон подписывает документы на заседании глав государств СНГ в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2023
Обуна шудан
Дар сохтори Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва ҳамчунин Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ бархе мақомҳо ихтисор шуданд
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон шумораи муовинони вазир дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишварро ихтисор кард.
Қарор дар ин бораро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон имзо намуд.
Бар асоси санад, барои ин ниҳод минбаъд ба ҷои 4 доштани 3 муовини вазир, аз ҷумла як ноиби аввал иҷозат дода шудааст.
Дар умум шумораи умумии кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон низ кам карда шуда, ҳадди ниҳоӣ аз 815 ба 807 оварда шудаст. Воҳидҳои кории дастгоҳи марказии ин ниҳод аз 87 ба 79 поин оварда шудаанд.
Женщины в национальной одежде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2023
Теъдоди бизнес-ледӣ ва занони мансабдор дар Душанбе маълум шуд
Теъдоди аъзои ҳайати мушовара барои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 9 нафар муқаррар шудаст.
Дар баробари ин Дастгоҳи марказии Вазорати маорифи ва илми Тоҷикистон, ки 95 басти корӣ бе назардошти ҳайати хизматрасон дошт, ҳамакнун ҳадди аксар 88 корманд хоҳад дошт.
Қарори ҳукумат дар ин бораро низ Эмомалӣ Раҳмон имзо намуда, муқаррар намудааст, ки 80 воҳоиди корӣ аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ ва 8 адад аз ҳисоби захоири махсуси вазорат маблағгузорӣ хоҳанд шуд.
Ихтисори кормандон дар ҳолест, ки қаблан дар бархе аз ниҳодҳои дигари ҷумҳурӣ воҳидҳои ҷадид ташкил шуда, шумораи умумии кормандон афзоиш ёфтанд.
Лентаи хабарҳо
0