https://sputnik.tj/20231226/dushanbe-ashqobod-bakhsh-ilm-tib-hamkori-1061066005.html
Душанбе ва Ашқобод қасд доранд дар бахшҳои илму тиб ҳамкорӣ кунанд
Душанбе ва Ашқобод қасд доранд дар бахшҳои илму тиб ҳамкорӣ кунанд
Sputnik Тоҷикистон
Кишварҳо нақша доранд, ки барномаҳои башардӯстона, бахусус дар соҳаи омодасозии кадрҳои нав, сиёсати ҷавонон ва тибро густариш диҳанд
2023-12-26T13:29+0500
2023-12-26T13:29+0500
2023-12-26T13:45+0500
дар тоҷикистон
туркманистон
сиёсат
ҳамкорӣ
илм ва фанноварӣ
тиббӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102096/21/1020962103_0:178:3007:1869_1920x0_80_0_0_a946eed83cf6bab7cf11906a7763a6f8.jpg
ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Тоҷикистон ва Туркманистон мехоҳанд ҳамкориҳоро дар чанд бахш густариш диҳанд. Ҳамин тариқ, дар назар аст, ки ҳамкориҳо дар бахшҳои илм, тиб, тандурустӣ ва варзиш густариш дода шаванд. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додааст. Ин тасмим дар мулоқоти раиси намояндагии дипломатии Тоҷикистон Вафо Ниятбекзода ва муовини раиси ҳукумати Туркманистон Нурмуҳаммад Аманнепесов гирифта шудааст.Ҷонибҳо имкони густариши барномаҳои башардӯстона миёни ду кишвар, бахусус дар заминаи омодасозии кадрҳои нав, сиёсати ҷавонон ва тибро баррасӣ карданд. Ҳамчунин барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳори тааҳҳуд карда шуд. Зимни сӯҳбати судманд Ниятбекзода ва Аманнепесов доир ба доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон табодули афкор намуданд.Охири моoи ноябр ҳайати вакилони Ишқобод бо сардории ҷонишини Раиси Девони Вазирон Тангикулӣ Атахаллиев ба Душанбе омад. Дар пойтахти Тоҷикистон ҷаласаи 12-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Туркманистону Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмию техникӣ баргузор шуд. Зимни мулоқот маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, корҳои муштарак дар соҳаи энергетика ва захираҳои об, инчунин кишоварзӣ баррасӣ шуда, оид ба фаъол гардонидани шарикӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика тасмим гирифта шуд. .
https://sputnik.tj/20230915/hamkori-sohai-sokhtmon-memori-tojikiston-turkmaniston-1059408023.html
туркманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102096/21/1020962103_138:0:2869:2048_1920x0_80_0_0_e6a514151d39bf3da6dfd02383fb0be7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе ашқобод илму тиб ҳамкорӣ
душанбе ашқобод илму тиб ҳамкорӣ
Душанбе ва Ашқобод қасд доранд дар бахшҳои илму тиб ҳамкорӣ кунанд
13:29 26.12.2023 (Навсозишуда: 13:45 26.12.2023) Кишварҳо нақша доранд, ки барномаҳои башардӯстона, бахусус дар соҳаи омодасозии кадрҳои нав, сиёсати ҷавонон ва тиб густариш диҳанд
ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Тоҷикистон ва Туркманистон мехоҳанд ҳамкориҳоро дар чанд бахш густариш диҳанд.
Ҳамин тариқ, дар назар аст, ки ҳамкориҳо дар бахшҳои илм, тиб, тандурустӣ ва варзиш густариш дода шаванд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додааст.
Ин тасмим дар мулоқоти раиси намояндагии дипломатии Тоҷикистон Вафо Ниятбекзода ва муовини раиси ҳукумати Туркманистон Нурмуҳаммад Аманнепесов гирифта шудааст.
Ҷонибҳо имкони густариши барномаҳои башардӯстона миёни ду кишвар, бахусус дар заминаи омодасозии кадрҳои нав, сиёсати ҷавонон ва тибро баррасӣ карданд.
Ҳамчунин барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳори тааҳҳуд карда шуд.
Зимни сӯҳбати судманд Ниятбекзода ва Аманнепесов доир ба доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон табодули афкор намуданд.
Охири моoи ноябр ҳайати вакилони Ишқобод бо сардории ҷонишини Раиси Девони Вазирон Тангикулӣ Атахаллиев ба Душанбе омад.
Дар пойтахти Тоҷикистон ҷаласаи 12-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Туркманистону Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмию техникӣ баргузор шуд.
Зимни мулоқот маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, корҳои муштарак дар соҳаи энергетика ва захираҳои об, инчунин кишоварзӣ баррасӣ шуда, оид ба фаъол гардонидани шарикӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика тасмим гирифта шуд. .