Тоҷикистон яке аз харидорони асосии гандуми Қазоқистон будааст

© Sputnik / Алексей Майшев / Гузариш ба медиабонкЗерно в цехе
Зерно в цехе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2023
Обуна шудан
Дар моҳҳои январ-октябри соли 2023 Қазоқистон ба маблағи 1 млрд доллар гандуму маслин фурӯхтааст, ки харидорони аслияш кишварҳои ИДМ будаанд
ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Тоҷикистон дар соли ҷорӣ дар ҷойи дуввум миёни харидорони гандуми Қазоқистон шомил гардидааст.
Тибқи иттилои идораи омори ин кишвар дар ин муддат Душанбе аз Остона 404 ҳазор тонна гандум харидорӣ кардааст.
Ба иттилои манбаъ, мизони харидории ғалла 12% афзоиш ёфтааст.
Дар садри воридкунандагон гандуми қазоқ Узбекистон меистад, ки надики ду миллион тон харидорӣ кардааст. Қобили зикр аст, ки дар ин ҷо 40% афзоиши назаррас ба қайд гирифта шудааст.
Дар ҷои сеюм Туркманистон – 230 ҳазор тонна бо афзоиши 19% қарор дорад. Баъд омадаанд: Озарбойҷон - 104 ҳазор тонна бо коҳиши ҳаҷм 14%, Русия - 9,9 ҳазор тонна бо коҳиши то 62%, Қирғизистон - 1 ҳазор тонна бо коҳиши 56%.
Сбор пшеницы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2023
Дар ИИАО гуфтанд, ки бо камбуди гандум чӣ гуна мубориза мебарад
Дар умум содироти ғаллаи Қазоқистон дар як сол 24% афзоиш ёфта, давоми моҳҳои январ-октябри соли 2023 ба бозорҳои хориҷӣ 3,8 миллион тонна ба маблағи 1 млрд доллар гандум содир шудааст.
Бештари харидорони гандуми Қазоқистон кишварҳои ИДМ мебошанд, ки 2,7 млн тонна бо афзоиши 29% ба онҳо рост меояд.
Дар соли 2023 майдони кишти ғалла дар Қазоқистон 13,7 млн гектарро ташкил додааст.
Гандумзори фарохтарин дар вилояти Акмола — 4,2 млн гектар - мушохида карда шудааст. Ба сегонаи аввал вилоятҳои Қӯстанай (3,8 млн гектар) ва Қазоқистони Шимолӣ (2,6 млн гектар) дохил шуданд.
Тибқи оморҳо Тоҷикистон дар соли 2023 дар майдони қариб 212 ҳазор гектар кишти гандум гузаронида, камобеш 800 ҳазор тонна ҳосил гирдоварӣ кардааст.
Тибқи иттилои мақомот ин миқдор гандум барои таъмини аҳолӣ басанда нест.
Ба гуфтаи ниҳодҳои марбута, бо назардошти афзоши аҳолӣ, талаботи солона дар кишвар ба 1,5 млн тонна орд мерасад ва барои истеҳсоли чунин миқдор ғалла имкон нест.
Лентаи хабарҳо
0