Ҷамъи 150 ҳазор евро ба нархи Ятимов: Гаронтарин дарвозабони минтақа чанд пул меистад?

© Foto / Хадамоти матбуоти Федератсияи футболи ТоҷикистонГолкипер национальной сборной Таджикистана Рустам Ятимов
Голкипер национальной сборной Таджикистана Рустам Ятимов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2023
Обуна шудан
Бар асоси арзёбиҳо, арзиши дарвозабони тоҷик, Рустам Ятимов аз баландтарин дар минтақа гуфта шуда, дар ҷамъбасти мавсим наздик ба як млн евро расидааст
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Дарвозабони тоҷик, Рустам Ятимов, ки дар ҳайати тими "Истиқлол"-и Душанбе ва тими мунтахаби Тоҷикистон бозӣ мекунад, гаронарзиштарин дар Осиёи Марказӣ миёни ҳамтоёнаш эътироф шуд.
Тибқи маълумоти портали "Transfermarkt", ки футболбозони ҷаҳонро арзёбӣ мекунад, нархи Рустам Ятимов танҳо ба мавсими гузашта ба андозаи 150 ҳазор еврои дигар гаронтар шудааст. Нимаи соли 2022 нархи Ятимов ҳудуди 400 ҳазор евро арзёбӣ шуда буд.
Арзиши умумии дарвозабони тими миллии Тоҷикистон 900 ҳазор евро гуфта шудааст, ки баландтарин нишондод миёни ҳамтоёнаш аз кишварҳои Осиёи Миёна мебошад.
Дар ҷойҳои баъдӣ варзишгарони Ӯзбекистон ҷой гирифтаанд. Инҳо Абдувоҳид Неъматов ва Уткир Юсупов мебошанд, ки 700 ҳазор евроӣ қимат доштаанд.
Эмомали Рахмон подписывает документы на заседании глав государств СНГ в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2023
Ихтисори мансабҳо дар вазоратхонаҳои Тоҷикистон: Раҳмон тасдиқ кард
Ятимов дар бозиҳои лигаи қаҳрамонҳои Осиё ҳунарнамоии хуб нишон дод. Аз ҷумла навори радубадали Рустам Ятимов ва Криштиану Роналду, ки ҳангоми бозии тими "Истиқлол" ва "Ал-Наср" сурат гирифт, сертамошобин шуда буд.
Ӯ тавонист, чанд тӯбҳои мушкили ҳарифонро пас гардонаду ҳатто ситораҳои сатҳи ҷаҳониро мушавваш созад. Пас аз каме харшаха Ятимов ва Роналду оштӣ шуданду ҳамдигарро ба оғӯш гирифта буданд.
Мухлисон аз минтақаҳои гуногуни ҷаҳон дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ба ҳунарнамоии Ятимов баҳои хуб дода, таҳсину офарин хонданд.
Лентаи хабарҳо
0