https://sputnik.tj/20231224/kishvar-dovtalab-rayosat-iiao-1061039907.html
Кишвари довталаб ба раёсат дар Иттиҳоди АвруОсиё маълум шуд
Кишвари довталаб ба раёсат дар Иттиҳоди АвруОсиё маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар пайи ҷаласаи парлумон, Арманистон аз нақшаҳояш барои соли ояндаи 2024, аз ҷумла эҳтимоли раёсат дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё эълон кард
2023-12-24T12:12+0500
2023-12-24T12:12+0500
2023-12-24T12:12+0500
иттиҳоди иқтисодии уросиё
арманистон
парлумон
раёсат
созмон
авруосиё
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1f/1055888049_0:23:1401:811_1920x0_80_0_0_50285874321bcb863db0b12c8f12a8e6.jpg
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Парлумони Арманистон барои ҳукумати кишвараш қабули раҳбарӣ дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) дар соли 2024-ро тавсия додаст. Ин нуктаро дар пайи ҷаласаи парлумони Арманистон, роҳбари он Ален Симонян зимни суҳбат бо хабарнигорон баён доштаст. Симонян аз ҷумла ба рушди иқтисодӣ аз ҳамкорӣ бо кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё таваҷҷуҳ кардаст. "Ман фикр мекунам, ки агар ҳукумат қарор кунад, ки роҳбариро ба ӯҳда мегирад, ин тасмими дуруст хоҳад буд", - гуфт ӯ.Симонян тавзеҳ дод, ки кишвар на танҳо бо Русия дар масъалаи таъмини силоҳ, балки бо дигар аъзои иттиҳодия ҳамкорӣ мекунад.Қаблан Департаменти омори КИАО шарҳи ҳармоҳаи таҳлилиро оид ба нишондиҳандаҳои асосии иқтисодиву иҷтимоии иттиҳодия барои моҳҳои январ-октябри соли 2023 нашр кард, ки умдатан рушдро нишон медиҳанд. Тибқи ҳисобҳо, маҷмӯи маҳсулоти дохилии иттиҳодия 1,7 трлн долларро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли пешӣ беш аз 3% афзоиш ёфтааст. Ҳамчунин кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё азми худро барои таваҷҷуҳи бештар ба таҳкими эътимод миёни соҳибкорон ва истеъмолкунандагон изҳор карда буданд ва афзуданд, ки таваҷҷуҳро ба бозорҳои дохилӣ бештар мекунанд.
https://sputnik.tj/20231223/tojikiston-takhfif-roh-ohan-rusiya-video-1061035972.html
арманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1f/1055888049_0:0:1213:909_1920x0_80_0_0_4467f03c6a72071b22734f6b47a62c08.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
роҳбарӣ, ииао, раёсат, иттиҳоди иқтисодии авруосиё
роҳбарӣ, ииао, раёсат, иттиҳоди иқтисодии авруосиё
Кишвари довталаб ба раёсат дар Иттиҳоди АвруОсиё маълум шуд
Дар пайи ҷаласаи парлумон, Арманистон аз нақшаҳояш барои соли ояндаи 2024, аз ҷумла эҳтимоли раёсат дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё эълон кард
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Парлумони Арманистон барои ҳукумати кишвараш қабули раҳбарӣ дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) дар соли 2024-ро тавсия додаст.
Ин нуктаро дар пайи ҷаласаи парлумони Арманистон, роҳбари он Ален Симонян зимни суҳбат бо хабарнигорон баён доштаст.
"Ба шарофати ҳамкорӣ бо ИИАО, аз ҷумла, иқтисоди Арманистон рушд мекунад", - гуфтаст роҳбари парлумон ва эҳтимоли роҳбарии Ереван дар иттиҳодияро таъкид намудаст.
Симонян аз ҷумла ба рушди иқтисодӣ аз ҳамкорӣ бо кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё таваҷҷуҳ кардаст.
"Ман фикр мекунам, ки агар ҳукумат қарор кунад, ки роҳбариро ба ӯҳда мегирад, ин тасмими дуруст хоҳад буд", - гуфт ӯ.
Симонян тавзеҳ дод, ки кишвар на танҳо бо Русия дар масъалаи таъмини силоҳ, балки бо дигар аъзои иттиҳодия ҳамкорӣ мекунад.
Қаблан Департаменти омори КИАО шарҳи ҳармоҳаи таҳлилиро оид ба нишондиҳандаҳои асосии иқтисодиву иҷтимоии иттиҳодия барои моҳҳои январ-октябри соли 2023 нашр кард, ки умдатан рушдро нишон медиҳанд.
Тибқи ҳисобҳо, маҷмӯи маҳсулоти дохилии иттиҳодия 1,7 трлн долларро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли пешӣ беш аз 3% афзоиш ёфтааст.
Ҳамчунин кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё азми худро барои таваҷҷуҳи бештар ба таҳкими эътимод миёни соҳибкорон ва истеъмолкунандагон изҳор карда буданд ва афзуданд, ки таваҷҷуҳро ба бозорҳои дохилӣ бештар мекунанд.