https://sputnik.tj/20231224/kdam-tojikiston-sozishnoma-rusiya-1061039750.html
КДАМ Тоҷикистон созишномаи нав бо Русияро тавзеҳ дод: Мағзшӯӣ камтар мешавад?
КДАМ Тоҷикистон созишномаи нав бо Русияро тавзеҳ дод: Мағзшӯӣ камтар мешавад?
Sputnik Тоҷикистон
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи ахираш созишномаи байниҳукуматӣ бо Русия оиди ҳамкорӣ дар таъмини амнияти иттилоотии байналмилалиро тасдиқ кард
2023-12-24T10:40+0500
2023-12-24T10:40+0500
2024-01-11T18:47+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
иттилоот
русия
маҷлиси намояндагон
созишнома
тасвиб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/06/1059237648_0:173:3025:1875_1920x0_80_0_0_21123c5fac11a978f93d3216d8cfa77e.jpg
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Пешрафти технологияҳои иттилоотии муосир дар баробари ҷанбаҳои мусбат омилҳои манфиро дар самти халалдор сохтани амнияти иттилоотии давлатҳо ба миён овардааст. Ин нуктаро муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Маҳмад Меликзода зимни шарҳи зарурати ҳамкорӣ бо Русия дар самти амнияти иттилоотӣ баён дошт, иттилоъ дод нашрияи парлумонии "Садои мардум". Ба гуфтаи Меликзода, аксар ҷавонони кишвар, ки ба созмону ҷараёнҳои номатлуби ифротӣ шомил шудаанд, асосан тавассути шабакаи Интернет ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ҷалб гардидаанд. Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо назардошти афзоиш ёфтани ҷиноятҳо ва таҳдиду хатарҳои муосир ба амнияти миллӣ дар шабакаи интернет, тарғибу ташвиқи ғояҳои террористию ифротӣ, мағзшӯӣ ва ҷалби ҷавонон ба созмону гурӯҳҳои террористӣ, тасдиқи созишнома бо Русияро муҳим медонад, афзуд ӯ. Созишнома байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ бо мақсади фароҳам овардани заминаи ҳуқуқии ҳамкорӣ байни мақомоти салоҳиятдори тарафҳо таҳия шудаст. Ҳадаф пешгирии истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои халалдор сохтани амният, тамомияти арзии давлатҳо, таъсири харобиовар ба объектҳои муҳими инфрасохтори иттилоотӣ, таблиғи терроризму экстремизм, содир кардани ҷиноятҳо дар соҳаи иттилооти компютерӣ, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, барангехтани адоват байни миллатҳо гуфта шуд. Тайёр намудани мутахассисон, табодули таҷриба ва кумак ба тарафҳо, ташкили вохӯриҳои корӣ дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ аз бахшҳои дигари созишнома муаррифӣ гардид.
https://sputnik.tj/20231222/kharid-telefon-vurud-khorija-tafsilot-tojikiston-1061019873.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/06/1059237648_148:0:2879:2048_1920x0_80_0_0_d1907d4b04276df440db4ee05d6ad553.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамкорӣ, амният, таҳким, русия, байналмилалӣ
ҳамкорӣ, амният, таҳким, русия, байналмилалӣ
КДАМ Тоҷикистон созишномаи нав бо Русияро тавзеҳ дод: Мағзшӯӣ камтар мешавад?
10:40 24.12.2023 (Навсозишуда: 18:47 11.01.2024) Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи ахираш созишномаи байниҳукуматӣ бо Русия оиди ҳамкорӣ дар таъмини амнияти иттилоотии байналмилалиро тасдиқ кард
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Пешрафти технологияҳои иттилоотии муосир дар баробари ҷанбаҳои мусбат омилҳои манфиро дар самти халалдор сохтани амнияти иттилоотии давлатҳо ба миён овардааст.
Ин нуктаро муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Маҳмад Меликзода зимни шарҳи зарурати ҳамкорӣ бо Русия дар самти амнияти иттилоотӣ баён дошт, иттилоъ дод нашрияи парлумонии "Садои мардум".
Ба гуфтаи Меликзода, аксар ҷавонони кишвар, ки ба созмону ҷараёнҳои номатлуби ифротӣ шомил шудаанд, асосан тавассути шабакаи Интернет ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ҷалб гардидаанд.
Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо назардошти афзоиш ёфтани ҷиноятҳо ва таҳдиду хатарҳои муосир ба амнияти миллӣ дар шабакаи интернет, тарғибу ташвиқи ғояҳои террористию ифротӣ, мағзшӯӣ ва ҷалби ҷавонон ба созмону гурӯҳҳои террористӣ, тасдиқи созишнома бо Русияро муҳим медонад, афзуд ӯ.
Созишнома байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ бо мақсади фароҳам овардани заминаи ҳуқуқии ҳамкорӣ байни мақомоти салоҳиятдори тарафҳо таҳия шудаст.
Ҳадаф пешгирии истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои халалдор сохтани амният, тамомияти арзии давлатҳо, таъсири харобиовар ба объектҳои муҳими инфрасохтори иттилоотӣ, таблиғи терроризму экстремизм, содир кардани ҷиноятҳо дар соҳаи иттилооти компютерӣ, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, барангехтани адоват байни миллатҳо гуфта шуд.
Тайёр намудани мутахассисон, табодули таҷриба ва кумак ба тарафҳо, ташкили вохӯриҳои корӣ дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ аз бахшҳои дигари созишнома муаррифӣ гардид.