Аз хариди телефон то вуруд аз хориҷа: Тафсилоти нави марбут ба IMEI дар Тоҷикистон

© iStock.com \ fotostormДеловые люди со смартфонами
Деловые люди со смартфонами  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2023
Обуна шудан
Нашрияи ҳукумати Тоҷикистон сабти IMEI ва пардохтҳои гумрукиро ба тафсил шарҳ дода, фаҳмондаст, ки шаҳрвандон бояд ҳангоми харид ё вуруди телефон чӣ кор кунанд
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Ворид кардани рамзи IMEI ба система ройгон буда, то 1-уми октябр ҳамаи рамзҳои телефонҳои фаъол аз ҷониби операторони мобилӣ ба таври худкор ва ройгон ба базаи маълумоти миллӣ ворид карда шуданд.
Дар ин бора нашрияи ҳукумати Тоҷикистон - "Ҷумҳурият" аз қавли роҳбари лоиҳаи "Системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ", Фаридун Мирамонов иттилоъ дод.
Ӯ тавзеҳ додаст, ки дар системаи давлатӣ, инчунин, серверҳои Хадамоти гумрук ҳамгироӣ гаштаанд, ки нахуст, ҳангоми пайдо гаштани рамзи IMEI мавҷудияти қайди гумрукии телефонро месанҷанд.
"Дар сурати мавҷуд будани қайди гумрукӣ, рамзи IMEI ба рӯйхати сафеди система ворид мегардад ва шаҳрванд метавонад бемонеа аз телефон истифода барад. Вале агар он аз барасмиятдарорӣ нагузашта бошад, рамзи IMEI-и телефон дар системаи давлатӣ ба рӯйхати хокистарранг ворид мешавад", - гуфтаст мусоҳиб.
Санҷишҳои Хадамоти алоқа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2023
“Санҷиши сифати алоқа”: Бек Сабур ба навоҳӣ рафт
Вай илова намуд, ки дар давоми сӣ рӯз агар таҷҳизот аз барасмиятдарории гумрукӣ нагузарад, ҳамаи хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ, ба монанди зангҳои даромаду баромад, смс-паёмакҳо ва интернет, қатъ мегарданд.
Пас аз барасмиятдарории гумрукӣ, IMEI-и телефон ба таври худкор ба базаи маълумот илова мешавад, изҳор дошт мутахассис.
Дар мавриди он, ки агар дастгоҳи мобилӣ аз хориҷа барои истифодаи шахсӣ ё туҳфа оварда шуда бошад, мутахассис гуфт, ки он ҳам бояд дар нуқтаи гумрукӣ бо пур намудани шакли декларатсияи Т-6 аз барасмиятдарорӣ гузарад.
Барои шаҳрвандон зарур дониста шудаст, ки пеш аз харидани дастгоҳи мобилӣ ҳолати коди IMEI-и онро дар системаи давлатӣ бо фармони *3366# тафтиш намоянд ва агар он ворид нашуда бошад, тавсия дода шудаст, ки аз хариди он худдорӣ карда шавад.
Дар зимн тибқи қарори ҳукумат аз соли 2007 вуруди моле, ки барои фаъолияти истеҳсолӣ ва ё соҳибкорӣ таъин нагардидаст, арзиши умумиашон аз маблағи баробар ба 1000 доллар ва вазни умумиашон аз 50 кг зиёд намебошад, аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо пурра озод шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0