https://sputnik.tj/20231223/rusiya-belarus-qazoqiston-roh-ohanro-iiao-1061033444.html
Русия, Беларус ва Қазоқистон ҳамкориҳои роҳи оҳанро дар ИИАО амиқтар мекунанд
Русия, Беларус ва Қазоқистон ҳамкориҳои роҳи оҳанро дар ИИАО амиқтар мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи ҳамоҳангсоз барои омӯзиши амиқтари ташаббусҳои кишварҳо оид ба ҳамкории байни маъмурияти роҳи оҳан зарур аст, қайд кард вазири КИАО
2023-12-23T13:46+0500
2023-12-23T13:46+0500
2023-12-23T13:46+0500
русия
қазоқистон
беларус
ииао
иқтисод
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102156/17/1021561765_0:398:2891:2024_1920x0_80_0_0_7fb004b0861299f96138ea5e769260ec.jpg
ДУШАНБЕ, 23 декабр — Sputnik. Ҳамкории мутақобилаи роҳҳои оҳани кишварҳои ИИАО заминаи мустаҳкам барои рушди интегратсия мебошад. Дар ин бора вазири энергетика ва инфрасохтори Комиссияи иқтисодии Авруосиё Арзибек Қожошев изҳор дошт.Вазири КИАО ҳамчунин пешниҳод кард, ки дар макони комиссия таъсиси як кумитаи ҳамоҳангсозӣ шавад. Қайд карда мешавад, ки барои амиқтар омӯхтани ташаббусҳои кишварҳо оид ба ҳамкории маъмурияти роҳи оҳан ва таҳияи тавсияҳои дахлдор зарур аст. Илова бар ин, иштироккунандагони маҷлис ташаббуси имзои меморандумро дастгирй карданд. Ҳуҷҷат ба таҳкими ҳамкориҳои "Роҳҳои оҳани Русия", "Қазоқистон темир жолӣ" ва "Роҳи оҳани Беларус" равона хоҳад шуд.Қаблан, ҷараёни нақлиёти ИИАО ба самти Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Чин ҳаракат мекард. Таъкид шуд, ки чунин қарор ба иттиҳодия имкон медиҳад, ки савдои дохилӣ ва беруниро фаъолонатар инкишоф диҳдад. Ёдовар мешавем, ки чанде қабл ИИАО нақшаи маҷмӯии рушди коридорҳои нақлиётиро то соли 2025 ба мувофиқа расонд. Тибқи нақша, дар чаҳорчӯби муттаҳидшавӣ, фаъолиятҳо ба татбиқи муқаррароти асосии сиёсати нақлиётии ИИАО равона карда мешаванд.
https://sputnik.tj/20231213/iiao-avtobus-barq-avruosiyo-istehsol-mekunand-1060884183.html
русия
қазоқистон
беларус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102156/17/1021561765_160:0:2891:2048_1920x0_80_0_0_a7b4ba9af97078ce7d21a4998f59f9cd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, беларус қазоқистон ииао
русия, беларус қазоқистон ииао
Русия, Беларус ва Қазоқистон ҳамкориҳои роҳи оҳанро дар ИИАО амиқтар мекунанд
Кумитаи ҳамоҳангсоз барои омӯзиши амиқтари ташаббусҳои кишварҳо оид ба ҳамкории байни маъмурияти роҳи оҳан зарур аст, қайд кард вазири КИАО
ДУШАНБЕ, 23 декабр — Sputnik. Ҳамкории мутақобилаи роҳҳои оҳани кишварҳои ИИАО заминаи мустаҳкам барои рушди интегратсия мебошад.
Дар ин бора вазири энергетика ва инфрасохтори Комиссияи иқтисодии Авруосиё Арзибек Қожошев изҳор дошт.
"Ҷамъ кардани хусусиятҳои миллии кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ва ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадам дар нақлиёти роҳи оҳан ба ноил шудан ба самараи энергетикӣ ва кушодани захираҳои иловагии соҳаи нақлиёт мусоидат мекунад", - мегӯяд Арзибек Қожошев.
Вазири КИАО ҳамчунин пешниҳод кард, ки дар макони комиссия таъсиси як кумитаи ҳамоҳангсозӣ шавад.
Қайд карда мешавад, ки барои амиқтар омӯхтани ташаббусҳои кишварҳо оид ба ҳамкории маъмурияти роҳи оҳан ва таҳияи тавсияҳои дахлдор зарур аст.
Илова бар ин, иштироккунандагони маҷлис ташаббуси имзои меморандумро дастгирй карданд. Ҳуҷҷат ба таҳкими ҳамкориҳои "Роҳҳои оҳани Русия", "Қазоқистон темир жолӣ" ва "Роҳи оҳани Беларус" равона хоҳад шуд.
Қаблан, ҷараёни нақлиёти ИИАО ба самти Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Чин ҳаракат мекард. Таъкид шуд, ки чунин қарор ба иттиҳодия имкон медиҳад, ки савдои дохилӣ ва беруниро фаъолонатар инкишоф диҳдад.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл ИИАО нақшаи маҷмӯии рушди коридорҳои нақлиётиро то соли 2025 ба мувофиқа расонд. Тибқи нақша, дар чаҳорчӯби муттаҳидшавӣ, фаъолиятҳо ба татбиқи муқаррароти асосии сиёсати нақлиётии ИИАО равона карда мешаванд.