https://sputnik.tj/20231213/iiao-avtobus-barq-avruosiyo-istehsol-mekunand-1060884183.html
Дар ИИАО "автобуси барқии авруосиёӣ" истеҳсол мекунанд
Дар ИИАО "автобуси барқии авруосиёӣ" истеҳсол мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Мақсад аз он қонеъ гардонидани талаботи бозори иттиҳод бо автобусҳои барқие, ки дар ИИАО истеҳсол мешаванд, ба ҳисоб меравад
2023-12-13T16:52+0500
2023-12-13T16:52+0500
2023-12-13T16:52+0500
ииао
иқтисод
автобус
барқӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/06/1056269845_0:350:3018:2048_1920x0_80_0_0_0497a578b929072c5a95607c41bac8b0.jpg
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Шӯрои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё таҳияи лоиҳаи Барномаи байнидавлатии "Автобуси барқии авруосиёӣ"-ро тасдиқ кард, хабар медиҳад сомонаи КИАО.Ҳуҷҷат бо ташаббуси Беларус дар чаҳорчӯби рушди ҳамкорӣ миёни кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё таҳия шудааст.Ба гуфтаи ӯ, барои расидан ба ин ҳадаф як қатор мушкилотро ҳал кардан лозим аст: навсозӣ намудани таҷҳизот ва истеҳсол намудани ҷузъҳои оммавии автобусҳои барқӣ ва ҳамчунин зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли онҳо.Ҳамчунин зарур аст, ки салоҳияти таъминкунандагони таҷҳизот ва ҷузъҳо барои автобусҳои электрикӣ тақвият дода, сатҳи маҳаллисозии истеҳсоли зерқисмҳо барои онҳо баланд бардошта шавад. Масъалаҳои дигари муҳим рушди салоҳиятҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар истеҳсоли автобусҳои барқӣ мебошад. Зикр гардид, ки корхонаҳое чун ҶДММ "Айрон стрим", "Белкоммункаш", "Камаз", "РЭНЕРА" иштироки худро дар таҳия ва татбиқӣ лоиҳаи Барномаи байнидавлатӣ тасдиқ намуданд.
https://sputnik.tj/20230529/durakhshon-bozori-elektrokar-tojikiston-zarfiyat-1057425144.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/06/1056269845_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_b46a41245aabab1e47aedde547b067bc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао "автобус барқӣ истеҳсол
ииао "автобус барқӣ истеҳсол
Дар ИИАО "автобуси барқии авруосиёӣ" истеҳсол мекунанд
Мақсад аз он қонеъ гардонидани талаботи бозори иттиҳод бо автобусҳои барқие, ки дар ИИАО истеҳсол мешаванд, ба ҳисоб меравад
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Шӯрои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё таҳияи лоиҳаи Барномаи байнидавлатии "Автобуси барқии авруосиёӣ"-ро тасдиқ кард, хабар медиҳад сомонаи КИАО.
Ҳуҷҷат бо ташаббуси Беларус дар чаҳорчӯби рушди ҳамкорӣ миёни кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё таҳия шудааст.
"Мақсади асосии Барномаи байнидавлатӣ қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти бозори автобусҳои барқии иттиҳод, ки дар ИИАО истеҳсол мешавад, мебошад", - таъкид кард вазири саноат ва комплекси агросаноатии КИАО Артак Камалян.
Ба гуфтаи ӯ, барои расидан ба ин ҳадаф як қатор мушкилотро ҳал кардан лозим аст: навсозӣ намудани таҷҳизот ва истеҳсол намудани ҷузъҳои оммавии автобусҳои барқӣ ва ҳамчунин зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли онҳо.
Ҳамчунин зарур аст, ки салоҳияти таъминкунандагони таҷҳизот ва ҷузъҳо барои автобусҳои электрикӣ тақвият дода, сатҳи маҳаллисозии истеҳсоли зерқисмҳо барои онҳо баланд бардошта шавад.
Масъалаҳои дигари муҳим рушди салоҳиятҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар истеҳсоли автобусҳои барқӣ мебошад. Зикр гардид, ки корхонаҳое чун ҶДММ "Айрон стрим", "Белкоммункаш", "Камаз", "РЭНЕРА" иштироки худро дар таҳия ва татбиқӣ лоиҳаи Барномаи байнидавлатӣ тасдиқ намуданд.