https://sputnik.tj/20231222/rahmon-dushanbe-dunyo-osh-1061025017.html
Раҳмон дар Душанбе "Дунёи ош" кушод
Раҳмон дар Душанбе "Дунёи ош" кушод
Sputnik Тоҷикистон
Дар кӯчаи Раҳимии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Маркази хизматрасонии "Дунёи ош" мавриди истифода қарор гирифт, ки дегҳои гуногунҳаҷм, аз ҷумла дутонаӣ дорад
2023-12-22T15:32+0500
2023-12-22T15:32+0500
2023-12-22T15:43+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
ош
ҳифз
мероси фарҳангӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/16/1061024837_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_22f3e67a93c47ff2cdc99b61732e60c7.jpg
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон маркази хизматрасонии "Дунёи ош"-ро ифтитоҳ кард, ки аз 3 ошёна иборат буда, бо риояи меъмории хоси тоҷикон бунёд шудаст. Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, маркази мазкур бо дастури Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Умарҷон Алимадов кушода шудаст, ки аз ҷиҳати тарҳ, имконоти хизматрасонӣ ва ороиши анъанаи фарҳанги қадимаи миллӣ дар Осиёи Миёна беназир мебошад.Президент аз раванди омода намудани ин навъи таоми миллӣ, ки аз сӯи таббохони моҳири марказ дар 16 деги гуногунҳаҷм ва деги дутоннагӣ дам андохта шуда буд, дидан кард.Марказ дорои ду ошхона ва се толор, аз ҷумла толори ош, тарабхонаи миллии оилавӣ ва толори баргузории маҳфилу чорабиниҳои гуногун буда, бо тамоми дастгоҳу таҷҳизот таъмин мебошанд.Дар марказ ҳамчунин ду толори хӯрд ҳар яке бо 144 ҷойи нишаст мавҷуд аст.Толори ош дар ошёнаи якуми бино ҷойгир буда, дорои 550 ҷойи нишаст мебошад. Дар ин макон асосан барои мизоҷону меҳмонон навъҳои гуногуни оши палав пешниҳод мегардад.Дар маҷмуъ дар Маркази хизматрасонии “Дунёи ош” дар як вақт ба 1060 нафар хизматрасонӣ карда мешавад.Таъкид кардан ба маврид аст, ки ош яке аз хӯрокҳои болаззати миллии тоҷикон маҳсуб ёфта, соли 2016 дар ҷаласаи 11-уми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ ба қатори беҳтарин намунаҳои фарҳанги ғайримоддии ҷаҳонӣ шомил гардидааст.
https://sputnik.tj/20231129/iiao-kambud-gandum-muboriza-mebarad-1060657471.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/16/1061024837_285:0:3016:2048_1920x0_80_0_0_107e8cfe620bc917cf04612add4f237e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дунё, ош, сино, марказ, хизматрасонӣ, дег, дутонаӣ
дунё, ош, сино, марказ, хизматрасонӣ, дег, дутонаӣ
Раҳмон дар Душанбе "Дунёи ош" кушод
15:32 22.12.2023 (Навсозишуда: 15:43 22.12.2023) Дар кӯчаи Раҳимии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Маркази хизматрасонии "Дунёи ош" мавриди истифода қарор гирифт, ки дегҳои гуногунҳаҷм, аз ҷумла дутонаӣ дорад
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон маркази хизматрасонии "Дунёи ош"-ро ифтитоҳ кард, ки аз 3 ошёна иборат буда, бо риояи меъмории хоси тоҷикон бунёд шудаст.
Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, маркази мазкур бо дастури Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Умарҷон Алимадов кушода шудаст, ки аз ҷиҳати тарҳ, имконоти хизматрасонӣ ва ороиши анъанаи фарҳанги қадимаи миллӣ дар Осиёи Миёна беназир мебошад.
Президент аз раванди омода намудани ин навъи таоми миллӣ, ки аз сӯи таббохони моҳири марказ дар 16 деги гуногунҳаҷм ва деги дутоннагӣ дам андохта шуда буд, дидан кард.
Марказ дорои ду ошхона ва се толор, аз ҷумла толори ош, тарабхонаи миллии оилавӣ ва толори баргузории маҳфилу чорабиниҳои гуногун буда, бо тамоми дастгоҳу таҷҳизот таъмин мебошанд.
Дар марказ ҳамчунин ду толори хӯрд ҳар яке бо 144 ҷойи нишаст мавҷуд аст.
Толори ош дар ошёнаи якуми бино ҷойгир буда, дорои 550 ҷойи нишаст мебошад. Дар ин макон асосан барои мизоҷону меҳмонон навъҳои гуногуни оши палав пешниҳод мегардад.
Дар маҷмуъ дар Маркази хизматрасонии “Дунёи ош” дар як вақт ба 1060 нафар хизматрасонӣ карда мешавад.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки ош яке аз хӯрокҳои болаззати миллии тоҷикон маҳсуб ёфта, соли 2016 дар ҷаласаи 11-уми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ ба қатори беҳтарин намунаҳои фарҳанги ғайримоддии ҷаҳонӣ шомил гардидааст.