Хоруғ аз нақшаи доштааш 4 млн сомонӣ бештар даромад гирифт

© Foto / Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонГород Хорог, центр ГБАО
Город Хорог, центр ГБАО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2023
Обуна шудан
Вакилони халқии маркази маъмурии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бурду бохти шаҳрро дар соли равон, аз иҷтимоъ то иқтисод баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Дар 11 моҳи соли 2023 қисми даромади буҷети шаҳри Хоруғ беш аз 63,5 млн сомониро ташкил дод.
Дар ин бора сардори раёсати Вазорати молияи Тоҷикистон дар Хоруғ Парвиз Қувватбеков зимни ҷаласаи вакилони халқии шаҳр иттилоъ дод.
Ба иттилои ӯ, нақша ҳудуди 59,5 млн сомониро ташкил дод, ки дар асл ба буҷа қариби 7% бештар ворид гардид.
Зикр гардид, ки аз 10 намуди сарчашмаи даромад, иҷрои як намуди андоз таъмин нагардид.
Платежный терминал для банковской карты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2023
Мақомот гуфт, барои риоя накардани талаботи пардохти ғайринақдӣ чӣ ҷавобгарӣ дорад
Шаҳрдорӣ афзуд, ки нақшаи андоз аз молу мулк иҷро нашудаст, ки дар натиҷа аз маблағи пешбинишудаи 742 ҳазор сомонӣ ба буҷети маҳаллии шаҳр камтар ворид гардид.
Бақияи андозҳо бе назардошти андози иҷтимоӣ аз 736 ҳазор сомонии моҳи январи соли равон ба андозаи беш аз 37 ҳазор сомонӣ кам гардида, фаълан муодили камтар аз 700 ҳазор сомонӣ мебошад.
Сардори нозироти андози шаҳри Хоруғ Рашид Султоншоев ба вакилон ҳисобот додаст, ки дар 11 моҳи соли 2023 нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ки ҷамъоварии онҳо ба зиммаи нозирот гузошта шудаст, 105% иҷро гардид.
Ӯ афзуд, ки ба ҷойи қариб 93 млн сомонии пешбинишуда, ба буҷет бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ва хароҷотҳои нақшавӣ наздики 97,5 млн сомонӣ ворид гардидаст, ки аз ин қисмати бештараш ба буҷети маҳаллӣ равона гардидаст.
Лентаи хабарҳо
0