https://sputnik.tj/20231216/maqomot-rioya-nakardan-talabot-pardokht-ghayrinaqdi-javobgari-1060941555.html
Мақомот гуфт, барои риоя накардани талаботи пардохти ғайринақдӣ чӣ ҷавобгарӣ дорад
Мақомот гуфт, барои риоя накардани талаботи пардохти ғайринақдӣ чӣ ҷавобгарӣ дорад
Sputnik Тоҷикистон
Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки қонуни кишвар дар бораи пардохтҳои ғайринақдиро риоя намекунад то 1360 сомонӣ ҷарима хоҳад шуд
2023-12-16T13:10+0500
2023-12-16T13:10+0500
2023-12-16T13:10+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
вазорати молия
пардохти ғайринақдӣ
ҷазо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102727/53/1027275342_19:0:981:541_1920x0_80_0_0_8bd4eddada5fb36f2ce091619194bb12.jpg
ДУШАНБЕ, 16 дек – Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон таъкид кардааст, ки барои риоя накардани талаботи пардохти ғайринақдӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.Ба гуфтаи муовини вазири молияи Тоҷикистон Карим Гулмурод, барои риоя накардани талабот дар бораи тариқи ғайринақдӣ пардохт намудани хизматрасониҳои давлатӣ ва пардохтҳои дигари ҳатмии давлатӣ аз 680 то 1360 сомонӣ ё аз 10 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима пешбинӣ шудааст.Ба гуфтаи оқои Гулмурод, ин нукта дар банди иловашудаи тағйироти нав ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст.Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои Кумитаи андози Тоҷикистон, то 1 октябри соли равон дар филиалу шуъбаҳои Бонки амонатгузории "Амонатбонк" зиёда аз 1060 ПОС – терминалҳои электронӣ насб гардидааст.Ба иттилои ҳамин ниҳоди давлатӣ аз 1 март то 1 октябри соли равон тавассути ПОС – терминалҳо ва ҳамёнҳои электронӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар маҷмуъ 1273,6 ҳазор амалиёт ба маблағи зиёда аз 449 миллион сомонӣ гузаронида шудааст.“Аз ҷумла, аз 1 август то 1 октябр 844,3 ҳазор амалиёти пардохти ғайринақдии андозҳо ва боҷҳо ба маблағи 319 миллион сомонӣ гузаронида шудааст”, - таъкид кардааст Кумитаи андоз.
https://sputnik.tj/20231119/afzoishi-pardokht-ghayrinaqdi-andoz-boj-tojikiston-1060517141.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102727/53/1027275342_140:0:861:541_1920x0_80_0_0_619ce76fa5d4354af51334208fac081b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қонун, пардохт, ғайринақдӣ, ҷазо, сомонӣ, кишвар
тоҷикистон, қонун, пардохт, ғайринақдӣ, ҷазо, сомонӣ, кишвар
Мақомот гуфт, барои риоя накардани талаботи пардохти ғайринақдӣ чӣ ҷавобгарӣ дорад
Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки қонуни кишвар дар бораи пардохтҳои ғайринақдиро риоя намекунад то 1360 сомонӣ ҷарима хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 16 дек – Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон таъкид кардааст, ки барои риоя накардани талаботи пардохти ғайринақдӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.
Ба гуфтаи муовини вазири молияи Тоҷикистон Карим Гулмурод, барои риоя накардани талабот дар бораи тариқи ғайринақдӣ пардохт намудани хизматрасониҳои давлатӣ ва пардохтҳои дигари ҳатмии давлатӣ аз 680 то 1360 сомонӣ ё аз 10 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима пешбинӣ шудааст.
Ба гуфтаи оқои Гулмурод, ин нукта дар банди иловашудаи тағйироти нав ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои Кумитаи андози Тоҷикистон, то 1 октябри соли равон дар филиалу шуъбаҳои Бонки амонатгузории "Амонатбонк" зиёда аз 1060 ПОС – терминалҳои электронӣ насб гардидааст.
Ба иттилои ҳамин ниҳоди давлатӣ аз 1 март то 1 октябри соли равон тавассути ПОС – терминалҳо ва ҳамёнҳои электронӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар маҷмуъ 1273,6 ҳазор амалиёт ба маблағи зиёда аз 449 миллион сомонӣ гузаронида шудааст.
“Аз ҷумла, аз 1 август то 1 октябр 844,3 ҳазор амалиёти пардохти ғайринақдии андозҳо ва боҷҳо ба маблағи 319 миллион сомонӣ гузаронида шудааст”, - таъкид кардааст Кумитаи андоз.