https://sputnik.tj/20231221/sud-khujand-zan-dukhtaron-khorija-fohishagari-zindoni-1061012004.html
Суди Хуҷанд занеро, ки духтаронро ба хориҷа барои фоҳишагарӣ мебурд 9 сол зиндонӣ кард
Суди Хуҷанд занеро, ки духтаронро ба хориҷа барои фоҳишагарӣ мебурд 9 сол зиндонӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Судшаванда ҷавонзани 22 сола буда, барои содир намудани ҷинояти ҷалби одамон ба истисмори шаҳвонӣ дар хориҷа ба муҳлати 8 солу шаш 6 моҳ равонаи зиндон шудааст
2023-12-21T17:03+0500
2023-12-21T17:03+0500
2023-12-21T17:47+0500
дар тоҷикистон
зиндон
зан
даллагӣ
фоҳишахона
хуҷанд
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/13/1031759447_0:77:3072:1805_1920x0_80_0_0_48341fbbcca31c43633ca0f9316f8a45.jpg
ДУШАНБЕ, 21 дек – Sputnik. Дар бораи доир шудани ин мурофияи судӣ дар шаҳри Хуҷанд, котиби матбуотии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, Акбар Шарифӣ ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.Бино ба иттилоъи манбаъ, зимни мурофия судӣ собит шудааст, ки Манижа Неъматуллоева, сокини 22 солаи ҷамоати ба номи Д. Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, даст ба содир намудани ҷинояти ҷалби одамон ба фоҳишагарӣ задааст.Дар ҷараёни мурофияи судӣ гуфта шудааст, ки судшаванда муваққатан дар шаҳри Хуҷанд истиқомат намуда давоми моҳи декабри соли 2021 ва январи соли 2022 бо роҳи фиреб ду ҷавонзанро бо ваъдаи кори сердаромад ба кишвари Туркия бурда, вале зери асорати қарзӣ гузошта, давоми як сол ба фоҳишагарӣ водор намудааст.“Суд чунин кирдори содирнамудаи Манижа Неъматуллоеваро бар асоси моддаи 130 иловаи 1 қисми 2 бандҳои а, б ва в и Кодекси ҷинотятӣ гунаҳкор эътироф намуда ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8 солу 6 моҳ ҳукм кард” – гуфт котиби матбуот.Моддаи 130 и асноди ҷиноии Тоҷикистон аз 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.Дар гузашта ҳам мақомоти прокуратураи вилояти Суғд дар бораи содиршавии ҷиноятҳои одамрабоӣ ва ё ҷалби занон ба фоҳишагӣ дар хориҷӣ кишвар махсусан Туркия ва Дубай иттилоъ медоданд.
https://sputnik.tj/20231206/rahmon-sudya-khatlonro-maqom-barkanor-1060749071.html
хуҷанд
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/13/1031759447_170:0:2891:2041_1920x0_80_0_0_34ccdb3f7dfca2d8500b32b603ae8bfe.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хуҷанд, суғд, даллагӣ, суд, ҷиноят, фоҳишагарӣ, хориҷа, зиндонӣ
тоҷикистон, хуҷанд, суғд, даллагӣ, суд, ҷиноят, фоҳишагарӣ, хориҷа, зиндонӣ
Суди Хуҷанд занеро, ки духтаронро ба хориҷа барои фоҳишагарӣ мебурд 9 сол зиндонӣ кард
17:03 21.12.2023 (Навсозишуда: 17:47 21.12.2023) Судшаванда ҷавонзани 22 сола буда, барои содир намудани ҷинояти ҷалби одамон ба истисмори шаҳвонӣ дар хориҷа ба муҳлати 8 солу шаш 6 моҳ равонаи зиндон шудааст
ДУШАНБЕ, 21 дек – Sputnik. Дар бораи доир шудани ин мурофияи судӣ дар шаҳри Хуҷанд, котиби матбуотии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, Акбар Шарифӣ ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
Бино ба иттилоъи манбаъ, зимни мурофия судӣ собит шудааст, ки Манижа Неъматуллоева, сокини 22 солаи ҷамоати ба номи Д. Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, даст ба содир намудани ҷинояти ҷалби одамон ба фоҳишагарӣ задааст.
Дар ҷараёни мурофияи судӣ гуфта шудааст, ки судшаванда муваққатан дар шаҳри Хуҷанд истиқомат намуда давоми моҳи декабри соли 2021 ва январи соли 2022 бо роҳи фиреб ду ҷавонзанро бо ваъдаи кори сердаромад ба кишвари Туркия бурда, вале зери асорати қарзӣ гузошта, давоми як сол ба фоҳишагарӣ водор намудааст.
“Суд чунин кирдори содирнамудаи Манижа Неъматуллоеваро бар асоси моддаи 130 иловаи 1 қисми 2 бандҳои а, б ва в и Кодекси ҷинотятӣ гунаҳкор эътироф намуда ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8 солу 6 моҳ ҳукм кард” – гуфт котиби матбуот.
Моддаи 130 и асноди ҷиноии Тоҷикистон аз 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Дар гузашта ҳам мақомоти прокуратураи вилояти Суғд дар бораи содиршавии ҷиноятҳои одамрабоӣ ва ё ҷалби занон ба фоҳишагӣ дар хориҷӣ кишвар махсусан Туркия ва Дубай иттилоъ медоданд.