https://sputnik.tj/20231206/rahmon-sudya-khatlonro-maqom-barkanor-1060749071.html
Шаъну эътиборро паст зад: Раҳмон судяи Хатлонро аз мақом барканор кард
Шаъну эътиборро паст зад: Раҳмон судяи Хатлонро аз мақом барканор кард
Sputnik Тоҷикистон
Кишвардори Тоҷикистон бо судури фармон судяи суди ноҳияи Панҷро аз мақом барканор кард. Далели барканории ӯ паст задани шаъну эътибори судяҳо арзёбӣ шуд
2023-12-06T12:23+0500
2023-12-06T12:23+0500
2023-12-06T12:27+0500
дар тоҷикистон
судяҳо
барканор
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102694/12/1026941209_73:123:1132:719_1920x0_80_0_0_60d305b4861a511c03cf3d0eb0b4702e.jpg
ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Президенти Тоҷикистон бо имзои як фармон Зайдуллозода Саидаҳмадро аз вазифа барканор кард.Дар ин бора дафтари матбуоти роҳбари давлат хабар дод.Бар хабари манбаъ, Зайдуллозода судяи суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон буд ва бинобар паст задани шаъну эътибори судяҳо бо фармони раисиҷумҳур аз вазифа озод шуд.Ҳамчунин, бо фармони дигари Раҳмон муовини раиси суди вилояти Хатлон низ аз вазифа канор рафт.Дар фармони барканории Юсуфзода Муҳаммадалӣ Файзалӣ омадааст, ки бинобар расидани синни ӯ ба нафақа аз вазифа барканор мешавад.Айнан ба ҳамин сабаб Юсуфзода Муҳаммадалӣ ва Абдулғанизода Абдумонеъ аз вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе озод гардиданд.Қаблан низ, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон додрасҳо дар ВМКБ ва Суғд аз вазифаашон озод шуданд. Он замон котиботи роҳбари давлат далели барканории суди иқтисодии ВМКБ ва судяи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба содир намудани кирдоре, ки шаъну шарафи судяҳоро паст мезананд, рабт дод.
https://sputnik.tj/20231016/prezident-tojikiston-sudya-sughd-vazifa-1059976698.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102694/12/1026941209_158:0:1073:686_1920x0_80_0_0_829fcbaba336fd1ccb6ede904cafc4f9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон судя хатлон барканор
эмомалӣ раҳмон судя хатлон барканор
Шаъну эътиборро паст зад: Раҳмон судяи Хатлонро аз мақом барканор кард
12:23 06.12.2023 (Навсозишуда: 12:27 06.12.2023) Кишвардори Тоҷикистон бо судури фармон судяи суди ноҳияи Панҷро аз мақом барканор кард. Далели барканории ӯ паст задани шаъну эътибори судяҳо арзёбӣ шуд
ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Президенти Тоҷикистон бо имзои як фармон Зайдуллозода Саидаҳмадро аз вазифа барканор кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти роҳбари давлат хабар дод.
Бар хабари манбаъ, Зайдуллозода судяи суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон буд ва бинобар паст задани шаъну эътибори судяҳо бо фармони раисиҷумҳур аз вазифа озод шуд.
"Зайдуллозода Саидаҳмад Миршариф аз вазифаи судяи суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, озод карда шавад", - омадааст дар фармони президент.
Ҳамчунин, бо фармони дигари Раҳмон муовини раиси суди вилояти Хатлон низ аз вазифа канор рафт.
Дар фармони барканории Юсуфзода Муҳаммадалӣ Файзалӣ омадааст, ки бинобар расидани синни ӯ ба нафақа аз вазифа барканор мешавад.
Айнан ба ҳамин сабаб Юсуфзода Муҳаммадалӣ ва Абдулғанизода Абдумонеъ аз вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе озод гардиданд.
Қаблан низ, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон додрасҳо дар ВМКБ ва Суғд аз вазифаашон озод шуданд. Он замон котиботи роҳбари давлат далели барканории суди иқтисодии ВМКБ ва судяи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба содир намудани кирдоре, ки шаъну шарафи судяҳоро паст мезананд, рабт дод.