Раҳмон бо мудири кулли Хазинаи ОПЕК афзоиши истеҳсоли неруи “сабз”-ро баррасӣ кард

© Flickr \ Хадамоти матбуоти президенти ТоҷикистонМулоқот бо Директори генералии Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ доктор Абдулҳамид Алхалифа
Мулоқот бо Директори генералии Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ доктор Абдулҳамид Алхалифа  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо мудири кулли Хазинаи ОПЕК таъкид кард, ки ҳамкории судманди кишвар бо Хазинаи ОПЕК дар ҳоли гуфтариш аст
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар гуфтугӯ бо Директори генералии Хазинаи ОПЕК дар умури рушди байналмилалӣ Абдулҳамид Алхалифа вазъи кунунии ҳамкорӣ ва дурнамои тавсеаи он байни ҷумҳурӣ ва Хазинаи ОПЕК-ро баррасӣ кард.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, президенти Тоҷикистон зимни мулоқот таъкид кард, ки ҳамкории судманди Тоҷикистон бо Хазинаи ОПЕК дар ҳоли густариш аст ва он ба таъмини рушди устувори кишвар нигаронида шудаанд.
Ҷонибҳо ҳамчунин зимни мулоқот ҳамкориро дар самти татбиқи тарҳҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва энергетика муҳокима намуданд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2023
Раҳмон ба амири нави Кувайт: Инна лиллоҳи ва инна илайҳи роҷиъун
Ҳамзамон дар ин мулоқот таъкид гардид, ки афзоиши истеҳсоли неруи “сабз” барои пешбурди иқтисоди “сабз” дар Тоҷикистон заминаи мусоид мебошад ва ҷиҳати рушди ҳамкорӣ дар ин самт имконияти фаровон мавҷуд аст.
“Зиёд намудани ҳаҷми маблағҳо барои амалӣ намудани лоиҳаҳои муҳими инфрасохтории мамлакати мо, аз ҷумла дар соҳаҳои гуфташуда зарур шумурда шуд”,- қайд кардааст манбаъ.
Зимни мулоқот ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки дар доираи ҳамкории судманд ҷиҳати рушду тавсеаи муносибатҳо аз дигар имконияти мавҷуда истифода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0