https://sputnik.tj/20231219/qodirzoda-sadho-korkhona-tojikiston-sarmoya-rusiya-faoland-1060976987.html
Қодирзода: Садҳо корхона дар Тоҷикистон бо сармояи ширкатҳои Русия фаъоланд
Қодирзода: Садҳо корхона дар Тоҷикистон бо сармояи ширкатҳои Русия фаъоланд
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон аз намояндагони Русия таваҷҷуҳи бештар ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ хост
2023-12-19T11:17+0500
2023-12-19T11:17+0500
2023-12-19T11:17+0500
дар русия
иқтисод
дар тоҷикистон
шӯро
корӣ
сармоя
маблағ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1d/1032719371_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_f4dcc7dc9014da2a2c577f8905270388.jpg
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Айни ҳол дар Тоҷикистон беш аз 400 корхона бо сармояи ширкатҳои Русия фаъолият доранд. Ин нуктаро раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, Саъдӣ Қодирзода зимни ҷаласаи маҷозии Шӯрои кории ду кишвар баён дошт. Дар ҷаласа ҳамчунин муовини вазири рушди иқтисоди Русия Дмитрий Волвач ва раиси Шӯрои кории ду кишвар, Ислом Назаралиев ва намояндагони бахши хусусии ду кишвар иштирок доштанд. Қодирзода қайд намуд, ки бо мусоидати Шӯрои корӣ айни замон садҳо корхона сармояи ширкатҳои Русия муваффақанд, аммо дар баробари ин зарфияти истифоданашуда низ маҷуд аст. "Миёни кишварҳо иқтидорҳои истифоданашуда низ вуҷуд дорад ва мо омодаем ҳамкориҳоро дар соҳаи маблағгузории лоиҳаҳо муштарак корбарӣ намоем", - гуфт ӯ.Мақомдори тоҷик аз иштирокчиёни Шӯрои корӣ даъват намуд, ки ба амалишавии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ, ташкили корхонаҳои муштарак таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд.Дар ҳамоиш аз ҷумла тарҳҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, технологияҳои иттилоотӣ ва шаҳри ҳушманд муаррифӣ гардиданд.Маврид ба зикр аст, ки Русия солҳо боз шарики асосии тиҷории Тоҷикистон мебошад, ки қисмати умдаи маҳсулоти ниёзи аввалияи ҷумҳуриро таъмин мекунад.
https://sputnik.tj/20231214/amniyat-shabaka-khadamot-aloqa-shirkat-rusi-sanad-imzo-1060891359.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1d/1032719371_24:0:2755:2048_1920x0_80_0_0_750bcfcdba25a29101aadd61b6018084.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
саҳм, ҳисса, русия, корхона, фаъол, тоҷикистон
саҳм, ҳисса, русия, корхона, фаъол, тоҷикистон
Қодирзода: Садҳо корхона дар Тоҷикистон бо сармояи ширкатҳои Русия фаъоланд
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон аз намояндагони Русия таваҷҷуҳи бештар ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ хост
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Айни ҳол дар Тоҷикистон беш аз 400 корхона бо сармояи ширкатҳои Русия фаъолият доранд.
Ин нуктаро раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, Саъдӣ Қодирзода зимни ҷаласаи маҷозии Шӯрои кории ду кишвар баён дошт.
Дар ҷаласа ҳамчунин муовини вазири рушди иқтисоди Русия Дмитрий Волвач ва раиси Шӯрои кории ду кишвар, Ислом Назаралиев ва намояндагони бахши хусусии ду кишвар иштирок доштанд.
Қодирзода қайд намуд, ки бо мусоидати Шӯрои корӣ айни замон садҳо корхона сармояи ширкатҳои Русия муваффақанд, аммо дар баробари ин зарфияти истифоданашуда низ маҷуд аст.
"Миёни кишварҳо иқтидорҳои истифоданашуда низ вуҷуд дорад ва мо омодаем ҳамкориҳоро дар соҳаи маблағгузории лоиҳаҳо муштарак корбарӣ намоем", - гуфт ӯ.
Мақомдори тоҷик аз иштирокчиёни Шӯрои корӣ даъват намуд, ки ба амалишавии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ, ташкили корхонаҳои муштарак таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд.
Дар ҳамоиш аз ҷумла тарҳҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, технологияҳои иттилоотӣ ва шаҳри ҳушманд муаррифӣ гардиданд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия солҳо боз шарики асосии тиҷории Тоҷикистон мебошад, ки қисмати умдаи маҳсулоти ниёзи аввалияи ҷумҳуриро таъмин мекунад.