“Амнияти шабакаҳо”: Хадамоти алоқа бо як ширкати русӣ санад ба имзо расонд

© Sputnik / Вероника Антонова-ТризноПодписание договора, архивное фото
Подписание договора, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2023
Обуна шудан
Имзои ду ёддошти ҳамкорӣ ба гуфтаи масъулин ба рушди коммуникатсияву технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад
Душанбе, 14 дек - Sputnik. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сифра” меморандум ё ёддошти ҳамкорӣ имзо кард.
Ин санадро Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон ва Сергей Емелченков, директори генералии ширкати “Сифра” имзо гузоштанд.
Бино ба иттилоъе, ки дафтари матбуотии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон гузошт, меморандум ё ёддошти ҳамкории мазкур робитаҳои дуҷонибаро дар соҳаи алоқа ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ танзим мекунад.
“Ин ҳам эътирофи аҳамияти ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти шабака, густариш ва таҳкими ҳамкорӣ дар рушди системаи тиҷорати электронӣ, тасдиқи аҳамияти ҷорӣ намудани ҳуҷҷатҳои электронӣ дар Тоҷикистон, таҳкими хадамоти почта ва IP-телефония аст”, - гуфт манбаъ.
Бино ба иттилоъи он, дар ин замина таҳкими ҳамкории дуҷониба дар рушди дастрасии фарохмаҷрои интернет, идоракунии интернет, шабакаҳои насли чорум - 4G LTE/ - ва панҷум - 5G ва пайвастшавӣ ба интернети байналмилалӣ дар назар гирифта шудааст.
Ҳамчунин ёддошти ҳамкорӣ миёни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Цифра” барои ташкилу гузаронидани семинару чорабиниҳои муштарак, вохӯриҳои иттилоотӣ, семинарҳо ва вебинарҳо ҷиҳати таҳкими робитаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсиони ба имзо расид.
Бек Сабур, сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Ма Тян, директори генералии ширкати “Технологияи Хуавей Тоҷикистон” - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2023
Тоҷикистон ба интернети Чин пайваст мешавад
Бар пояи ин санад мубодилаи таҷрибаи иттилоотиву ташаббусҳо ва барномаҳои миллӣ дар соҳаи рушди коммуникатсияву технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, мубодилаи таҷриба дар таҳияи стратегияҳои минтақавӣ, сафарҳои миёна ва дарозмуддат ва шаклҳои дигари хамкориро, ки манфиатҳои тарафайнро ифода мекунад, низ ба роҳ андохта мешавад.
Вай афзуд, ба роҳ мондани ҳамкориҳои гуногунҷанба бо ширкатҳои хориҷӣ ба раванди ислоҳот ва навсозии шабакаҳои алоқаи мобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон такони тоза медиҳад ва оғози ҳамкориҳо бо ширкати “Сифра” низ бо ҳамин мақсад аст.
Лентаи хабарҳо
0