https://sputnik.tj/20231218/prezidentho-idm-arafa-soli-nav-muloqot-1060968466.html
Президентҳои ИДМ дар арафаи Соли нав мулоқот хоҳанд кард
Президентҳои ИДМ дар арафаи Соли нав мулоқот хоҳанд кард
Sputnik Тоҷикистон
Путин қасд дорад дар як нишасти ғайрирасмӣ дар Санкт-Петербург бо сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дидору мулоқот кунад
2023-12-18T16:55+0500
2023-12-18T16:55+0500
2023-12-18T17:54+0500
идм
владимир путин
русия
мулоқот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1c/1044479348_0:281:3071:2008_1920x0_80_0_0_90f9f83d74b5b03b4a34e2e30835b261.jpg
ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Владимир Путин гуфт, интизор дорад, ки охири моҳи декабр дар Санкт-Петербург бо сарони кишварҳои ИДМ мулоқоти ғайрирасмӣ баргузор кунад. Ӯ ин нуктаро зимни ироаи паём ба иштироккунандагони ҷаласаи машваратии сардорони ҳукуматҳои ИДМ дар Маскав баён дошта, афзуд, ки саломашро ба президентҳо расонанд.Путин ёдовар шуд, ки 1 январ раёсати ин иттиҳодия ба Русия мегузарад ва дар назар аст, ки таҷрибаи баргузории чорабиниҳои муштарак дар бахшҳои мухталифи санъат, маориф ва илм идома ва густариш дода шавад."Мо татбиқи лоиҳаҳои филму телевизионӣ, ташкили озмунҳои мусиқии классикӣ ва оммавиро сахт ҳавасманд хоҳем кард. Хотиррасон мекунам, ки Русия аллакай як қатор ташаббусҳои дахлдор, аз ҷумла таъсиси Академияи санъати кинои Авруосиё, таъсиси Ҷоизаи филми Авруосиё ва эҳёи ҷашнвораи байналмилалии суруди "Интервидение"-ро пешкаш кардааст", - афзуд Путин. Илова бар ин, Русия дар давраи раёсати худ ба масъалаи ҳифзи забони русӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир хоҳад кард. Тавре дабири кулли ИДМ Сергей Лебедев дар охири моҳи ноябр хабар дод, нишасти ғайрирасмӣ 26 декабр дар Санкт-Петербург баргузор мешавад. Чунин вохӯрӣ аллакай анъана шудааст. Ба гуфтаи Лебедев, Путин ҳамтоёни худро ба ин нишаст даъват кардааст, ки “дар як фазои ғайрирасмӣ муошират кунанд, масъалаҳои кунуниро баррасӣ ва табодули афкор кунанд.
https://sputnik.tj/20231108/putin-subot-idm-qasdan-noorom-1060370030.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1c/1044479348_45:0:2776:2048_1920x0_80_0_0_7aab1335f9f633800d998904afa38710.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
президентҳо идм арафа соли нав мулоқот
президентҳо идм арафа соли нав мулоқот
Президентҳои ИДМ дар арафаи Соли нав мулоқот хоҳанд кард
16:55 18.12.2023 (Навсозишуда: 17:54 18.12.2023) Путин қасд дорад дар як нишасти ғайрирасмӣ дар Санкт-Петербург бо сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дидору мулоқот кунад
ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Владимир Путин гуфт, интизор дорад, ки охири моҳи декабр дар Санкт-Петербург бо сарони кишварҳои ИДМ мулоқоти ғайрирасмӣ баргузор кунад.
Ӯ ин нуктаро зимни ироаи паём ба иштироккунандагони ҷаласаи машваратии сардорони ҳукуматҳои ИДМ дар Маскав баён дошта, афзуд, ки саломашро ба президентҳо расонанд.
"Аз шумо хохиш менамоям, ки саломи гарму ҷӯшони маро ба раҳбарони давлатҳоятон, ки интизори дидани онҳо ҳастам, - дар охири моҳи декабр дар ҷаласаи Шӯрои олии ИИАО ва мулоқоти анъанавии ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ дар Санкт-Петербург расонед", — гуфт президент.
Путин ёдовар шуд, ки 1 январ раёсати ин иттиҳодия ба Русия мегузарад ва дар назар аст, ки таҷрибаи баргузории чорабиниҳои муштарак дар бахшҳои мухталифи санъат, маориф ва илм идома ва густариш дода шавад.
"Мо татбиқи лоиҳаҳои филму телевизионӣ, ташкили озмунҳои мусиқии классикӣ ва оммавиро сахт ҳавасманд хоҳем кард. Хотиррасон мекунам, ки Русия аллакай як қатор ташаббусҳои дахлдор, аз ҷумла таъсиси Академияи санъати кинои Авруосиё, таъсиси Ҷоизаи филми Авруосиё ва эҳёи ҷашнвораи байналмилалии суруди "Интервидение"-ро пешкаш кардааст", - афзуд Путин.
Илова бар ин, Русия дар давраи раёсати худ ба масъалаи ҳифзи забони русӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир хоҳад кард.
Тавре дабири кулли ИДМ Сергей Лебедев дар охири моҳи ноябр хабар дод, нишасти ғайрирасмӣ 26 декабр дар Санкт-Петербург баргузор мешавад. Чунин вохӯрӣ аллакай анъана шудааст.
Ба гуфтаи Лебедев, Путин ҳамтоёни худро ба ин нишаст даъват кардааст, ки “дар як фазои ғайрирасмӣ муошират кунанд, масъалаҳои кунуниро баррасӣ ва табодули афкор кунанд.