https://sputnik.tj/20231108/putin-subot-idm-qasdan-noorom-1060370030.html
Путин: Бархе аз кишварҳо субот дар кишварҳои ИДМ-ро қасдан ноором месозанд
Путин: Бархе аз кишварҳо субот дар кишварҳои ИДМ-ро қасдан ноором месозанд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия ахиран гуфт, ки дар қаламрави кишварҳои ИДМ барои таъмини амният барои пешгирӣ аз нооромиҳо кори бештаре бояд кард
2023-11-08T12:59+0500
2023-11-08T12:59+0500
2023-11-08T13:07+0500
дар русия
русия
владимир путин
идм
амният ва мудофиа
раисҷумҳур
ноором
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/1f/1060242323_0:147:3118:1901_1920x0_80_0_0_0dcf4eda7845b71cf4012576b0222e60.jpg
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Фаъолияти бархе аз кишварҳо мустақиман ба заиф кардани қудрат дар кишварҳои пасошӯравӣ нигаронида шудааст, гуфт Владимир Путин раисҷумҳури Русия дар паёми видеоӣ ба иштирокчиёни ҷаласаи XI котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви ИДМ.Ба гуфтаи оқои Путин кишварҳои ИДМ дар соҳаи амният бояд корҳои пешгирикунандаро роҳандозӣ намоянд.Раҳбари Русия қайд кард, ки таҳдидҳои муштараки терроризм, ҷиноятҳои муташаккил, қочоқи маводи мухаддир ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ, инчунин ифротгароӣ барои кишварҳои узви ИДМ умумӣ боқӣ мемонанд. Илова бар ин, хатарҳо дар соҳаҳои амнияти иқтисодӣ, иттилоотӣ, технологӣ ва биологӣ низ боқӣ мондаанд.Путин афзуд, ки вазъи байналмилалӣ бениҳоят муташанниҷ боқӣ мемонад."Дар як қатор минтақаҳо низоъҳои пешина авҷ гирифта, маконҳои нави низоъ ба вуҷуд омадаанд. Аз ҷумла, дар Ховари Миёна, ки даври нави бархурди Фаластину Исроил ба вуқӯъ пайвастааст, ки аз он пеш аз ҳама ғайринизомиён азият мекашанд", - қайд кард президент.Оқои Путин афзуд вазъият "на танҳо вокуниши ҳамоҳангшудаи якҷо балки кори зиёди пешгирикунандаро низ талаб мекунад."Путин таъкид кард, ки барои кишварҳои ИДМ муҳим аст, ки барои омӯзиши ҳамаҷонибаи вазъ дар кишварҳои муштаракулманофеъ ва дар маҷмуъ дар ҷаҳон аз имконоти пешгӯӣ, иттилоотӣ ва таҳлилии шӯроҳои амниятӣ пурра истифода намоянд.
https://sputnik.tj/20231103/putin-fasod-ukraina-dunyo-1060319824.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/1f/1060242323_194:0:2925:2048_1920x0_80_0_0_86f3b6e855ea0ff91f2ddeee034d5d45.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, владимир путин, идм, раисҷумҳур, амният, таъмин, ноором вазъ, пешгирӣ
русия, владимир путин, идм, раисҷумҳур, амният, таъмин, ноором вазъ, пешгирӣ
Путин: Бархе аз кишварҳо субот дар кишварҳои ИДМ-ро қасдан ноором месозанд
12:59 08.11.2023 (Навсозишуда: 13:07 08.11.2023) Раисҷумҳури Русия ахиран гуфт, ки дар қаламрави кишварҳои ИДМ барои таъмини амният барои пешгирӣ аз нооромиҳо кори бештаре бояд кард
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Фаъолияти бархе аз кишварҳо мустақиман ба заиф кардани қудрат дар кишварҳои пасошӯравӣ нигаронида шудааст, гуфт Владимир Путин раисҷумҳури Русия дар паёми видеоӣ ба иштирокчиёни ҷаласаи XI котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви ИДМ.
Ба гуфтаи оқои Путин кишварҳои ИДМ дар соҳаи амният бояд корҳои пешгирикунандаро роҳандозӣ намоянд.
"Гузашта аз ин, амали бархе аз кишварҳо мустақиман ба ноором кардани қудрати қонунӣ, суботи иҷтимоӣ ва арзишҳои суннатӣ дар кишварҳои ИДМ, ҳамчунин вайрон кардани равобити наздики анъанавии тиҷоратӣ, ҳамкорӣ ва фарҳангии мо нигаронида шудааст", - гуфт ӯ.
Раҳбари Русия қайд кард, ки таҳдидҳои муштараки терроризм, ҷиноятҳои муташаккил, қочоқи маводи мухаддир ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ, инчунин ифротгароӣ барои кишварҳои узви ИДМ умумӣ боқӣ мемонанд. Илова бар ин, хатарҳо дар соҳаҳои амнияти иқтисодӣ, иттилоотӣ, технологӣ ва биологӣ низ боқӣ мондаанд.
Путин афзуд, ки вазъи байналмилалӣ бениҳоят муташанниҷ боқӣ мемонад.
"Дар як қатор минтақаҳо низоъҳои пешина авҷ гирифта, маконҳои нави низоъ ба вуҷуд омадаанд. Аз ҷумла, дар Ховари Миёна, ки даври нави бархурди Фаластину Исроил ба вуқӯъ пайвастааст, ки аз он пеш аз ҳама ғайринизомиён азият мекашанд", - қайд кард президент.
Оқои Путин афзуд вазъият "на танҳо вокуниши ҳамоҳангшудаи якҷо балки кори зиёди пешгирикунандаро низ талаб мекунад."
Путин таъкид кард, ки барои кишварҳои ИДМ муҳим аст, ки барои омӯзиши ҳамаҷонибаи вазъ дар кишварҳои муштаракулманофеъ ва дар маҷмуъ дар ҷаҳон аз имконоти пешгӯӣ, иттилоотӣ ва таҳлилии шӯроҳои амниятӣ пурра истифода намоянд.