Нуқоти муҳими гуфтугӯи мустақими Путин

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонк"Прямая линия" и большая пресс-конференция президента РФ В. Путина
Прямая линия и большая пресс-конференция президента РФ В. Путина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2023
Обуна шудан
Президенти Русия натоиҷи соли гузаштаро мустақиман дар формати як нишасти матбуотӣ ҷамъбаст намуд, ки он ҳудуди 4 соату 4 дақиқа давом кард.
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Суҳбати мустақими президенти Русия Владимир Путин соли ҷорӣ бо як нишасти матбуотии калон муттаҳид шуд, ки ӯ ба суолҳои шаҳрвандону рӯзноманигорон посух дода, сипас натоиҷи соли 2023-ро ҷамъбаст кард.
Қисмати оғози нишаст бештар ба амалиёти виж ва иқтисоди Русия дар шароити таҳримот рафт.

Сулҳ дар Украина кай мешавад?

Раисҷумҳури Русия гуфт, ки амалиёти вижа то дастёбӣ ба ҳама аҳдофи гузошташуда, яъне ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина идома хоҳад кард ва пас аз он дар Украина сулҳ хоҳад шуд.
"Вақте мо ба ҳадафҳои худ ноил мешавем, сулҳ хоҳад буд. Онҳо тағйир намеёбанд. Ман ёдовар мешавам, ки мо дар бораи чӣ гуфта будем - ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина, мақоми бетарафии он", - қайд кард ӯ.
Тибқи маълумоте, ки раисиҷумҳур, Федератсияи Русия овард, аз оғози ҳамлаи ҷавобии Украина 747 танк ва 2,3 ҳазор мошини зиреҳпӯши нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро нобуд шудааст.

Русия ба басиҷи нав ниёз надорад.

Русия барои ҷалби афзод ба амалиёти вижа ба мавҷи дуюми сафарбаркунӣ зарурат надорад, зеро афроди довталаб зиёданд.
Путин ба суолҳои сокинон ва рӯзноманигорон ҷавоб медиҳад - пахши мустақим - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2023
Натоиҷи сол бо Владимир Путин - 2023 - видео
Ӯ гуфт, ки ҳангоми сафарбаркунии қисман 300 ҳазор нафар ҷалб карданд ва пас аз ин мақомот ба ҷалби низомиён дар асоси шартнома гузаштанд. То як рӯз қабл 486 ҳазор кас ба артиш дохил шуд.
Сарвари давлат таъкид кард, ки сафи мардони омода барои дифоъ аз Ватан кам намешавад, ҳамарӯза ба комиссариатҳои ҳарбӣ дар саросари кишвар 1,5 ҳазор нафар ихтиёриён меоянд ва теъдодашон то поёни сол ба ним миллион мерасад.
Путин дар бораи равобит бо ИМА
Маскав омода аст равобит бо Иёлоти Муттаҳидаро барқарор кунад, аммо сиёсати империалистии Вашингтон ба ин раванд халал мерасонад, таъкид намуд ӯ.
"Элитаи Амрико бояд ба эҳтироми дигар кишварҳо ва ҷустуҷӯи созиш ба ҷои ҷорӣ кардани таҳримҳо шурӯъ кунанд ва он гоҳ ҳамкориҳоро беҳтар кардан мумкин аст", - гуфт президенти Русия.
Ба гуфтаи вай Маскав ягон вақт аз гуфтугӯ канор нарафтааст.

“Дар Ғазза фоҷе аст" Путин ҷанг дар Ғаззаро ба "амалиёти вижа" муқоиса кард

Президенти Русия гуфт, ки он чизе, ки дар Ғазза рух медиҳад, фалокат аст.
Вай гуфт, ҳама фарқ байни амалиёти вижа ва ончиро, ки артиши Исроил дар Ғазза мекунанд мебинанд. Чунин вазъ уман вуҷуд надорад.
Ӯ аз қавли раҳбари СММ гуфт, ки Ғазза имрӯз бузургтарин қабристони кӯдакон дар ҷаҳон шудааст.
Прямая линия и большая пресс-конференция президента РФ В. Путина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин гуфт, кай сулҳ дар Украина фаро мерасад
Президенти Русяи гуфт, ки кумакҳоро аз қабили доруворӣ идома медиҳанд ва ҳамзамон талош доранд як шифохонаи саҳроӣ бунёд кунанд.
Номбурда гуфт, ки рафтори СММ дар робита ба вазъ дар Ғазза ҳеҷ чизи ғайриоддӣ нест, зеро кишварҳо наметавонанд ба як тавофуқ бирасанд
Президент афзуд, ки ин маънои онро надорад, ки зарурати ҷустуҷӯи тавофуқ вуҷуд надорад. Путин аз он бармеояд, ки қарорҳои СММ дар бораи таъсиси ду давлат дар ин минтақа - Исроил ва Фаластин - бояд иҷро шаванд.

Кай тухм арзон мешавад?

Путин барои гаронии нархи тухм дар Русия узр пурсид
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин барои боло рафтани нархи тухм узр хост ва гуфт, ки ин як заъфи ҳукумат аст.
"Дар ин робита ба чунин вазъ мутаассифам ва бахшиш мепурсам. Ин як заъфи кори ҳукумат аст", гуфт ӯ дар посух ба суол дар бораи болоравии нархи тухм ва гӯшти мурғ.
Ӯ болоравии нархи тухмро бо афзоиши талабот рабт дод, ки дар баробари ин мавсими воридот дер оғоз шуду истеҳсоли дохилӣ низ афзоиш наёфт.
"Чаро чунин шуд? Талабот зиёд шуд, аммо ҳаҷми истеҳсолот, афзун нашуд. Дуюм, воридот сари вақт ба ҳаҷми зарурӣ кушода нашуд. Ҳоло, дар омади гап, аз Туркия барои воридот пешниҳодҳо шуда истодаанд. Робитаҳои иқтисодии мо хуб инкишоф меёбанд. Аз дигар мамлакатхо — аз Беларуссия таклиф мекунанд", — гуфт ӯ дар суҳбати мустақимаш.
Прямая линия и большая пресс-конференция президента РФ В. Путина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар Русия мавҷи дуввуми сафарбаркунӣ мешавад ё на: посухи Путин
Путин гуфт, ки вазъ бо нархи тухм беҳтар хоҳад шуд, зеро ӯ бо вазири кишоварзӣ сӯҳбат кардааст.
"Вазъият, бешубҳа, беҳтар хоҳад шуд, ман дар ҳақиқат умедворам, зеро ҳадди аққал ду ҳафта пеш ин гуфтугӯҳо бо Вазорати кишоварзӣ сурат гирифта буданд",- гуфт Путин дар ҷамъбасти сол.

Ниҳоди нави муҳоҷиратӣ дар Русия

Владимир Путин раисҷумҳури Русия зимни нишасти матбуотӣ, дар бораи ташкили ниҳоди нав барои муҳоҷирати меҳнатӣ даъват кард
Владимир Путин зимни нишасти матбуотиаш гуфт, ки дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия ниҳоде лозим аст, ки ба мушкилот муҳоҷирони меҳнатиро ҳамаҷониба баррасӣ намояд.
"Ба мо як ниҳоди махсусе лозим аст, ки ин мушкилотро дар маҷмӯъ баррасӣ кунад ва сари вақт роҳи ҳалли ҳар як паҳлӯи ин мушкилотро пайдо кунад. Ин кори мушкил аст, аммо, бешубҳа, мо бояд инро роҳнамоӣ кунем ва диққати намояндагони тамоми ниҳодҳоро ба ин раванд ҷалб намоем, аммо "пеш азҳхама мо бояд манфиатҳои аҳолии маҳаллӣ — шаҳрвандони Русияро ба назар гирем", - гуфт президент Русия.
Прямая линия и большая пресс-конференция президента РФ В. Путина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2023
Русия интиқоли таҷҳизот ва доруворӣ ба навори Ғаззаро афзоиш медиҳад
Вай илова кард, ки мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ оддӣ нест, вале мақомоти Русия набояд мушкилоти иқтисодиро бар зарари мардуми бумӣ ҳал кунанд.
"Ин мушкили осон нест... Дар бозори меҳнати мо ҳамагӣ 2,9% бекор ба қайд гирифта шудаас, яъне бекорӣ тақрибан вуҷуд надорад. Аммо дар бозори меҳнат талабот вуҷуд дорад. Аммо ин маънои онро надорад, ки мо бояд мушкилоти иқтисодиро бо ҳар арзиш ва бар зарари мардуми бумии Русия ҳал кунем. Ҷалб кардан (муҳоҷирон) лозим аст? Зарур аст. Албатта, мо пеш аз ҳама ба нерӯи кории соҳибихтисос манфиатдорем”, - гуфт Путин зимни нишасти матбуотӣ.
Бояд гуфт, ки нишасти матбуотии путин ва мусоҳиба бо сокинони кишвар 4 соату 4 дақиқа давом кард ва раисҷумҳури ин кишвар ба 67 суол посухи мушаххас дод.
Лентаи хабарҳо
0