https://sputnik.tj/20231217/hukumat-tojikiston-zamin-kholdingi-ismoili-somoni-1060947978.html
Ҳукумати Тоҷикистон ҳазорҳо гектар заминро ба холдинги Исмоили Сомонӣ дод
Ҳукумати Тоҷикистон ҳазорҳо гектар заминро ба холдинги Исмоили Сомонӣ дод
Sputnik Тоҷикистон
Ҳазорҳо гектар замин, ки то ҳол дар ихтиёри муассисаҳои давлатии хоҷагии ҷангал буданд, ба ихтиёри ширкати холдингии Исмоили Сомонӣ дода шуданд 17.12.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-12-17T10:46+0500
2023-12-17T10:46+0500
2023-12-17T10:54+0500
дар тоҷикистон
исмоили сомонӣ
замин
ширкат
ҳукумат
ваҳдат
ромит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103031/27/1030312786_0:84:3185:1875_1920x0_80_0_0_8957830d8b48e7652d911ab920efb200.jpg
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Ширкати холдингии Исмоили Сомонӣ қариби 8,5 ҳазор гектар дар шаҳри Ваҳдатро ба ихтиёр гирифт. Заминҳои мазкур бо қарори ҳукумат, ки аз ҷониби президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон имзо шудаст, ба муҳлати 20 сол ба холдинг ироа шудаанд. Ин миқдор аз ҳисоби заминҳои муассисаҳои давлатии хоҷагии ҷангали "Ромит" ва "Ваҳдат" ҷудо карда шудаанд. Таъкид шудааст, ки холдинг ин майдонро ҳамчун чарогоҳҳои мавсимӣ истифода карда, ҳуқуқи ба ихтиёри дигарон додани онро надорад. Холдинги мазкур аз ҷумлаи ширкатҳои бузург дар Тоҷикистон ба шумор меравад, ки дар бахшҳои мухталиф аз кишоварзӣ то тавлидоту маорифу сохтмон фаъолият дорад. Аз ҷумла роҳбарияти он дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мактаби президентӣ бо хобгоҳу дигар инфрасохтори заруриро бунёд карда буд, ки дар ифтитоҳи он Эмомалӣ Раҳмон низ иштирок дошт. Ширкат ният дорад, фаъолияти худро дар бахши саноати Тоҷикистон, аз ҷумла дар вилояти Суғд густариш диҳад. Ахиран роҳбарияти ширкат бо раиси Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода, фаъолсозии корхонаи "Суғдтекстайлз"-ро мавриди баррасӣ қарор дода буд. Мақомоти тоҷик азм доранд, ки ин корхонаро то 35-солагии Истиқлоли давлатӣ фаъол созанд, ки дар натиҷа то 3,5 ҳазор нафар соҳиби ҷои кор хоҳанд шуд.
https://sputnik.tj/20230512/barkanorii-88-shakhsi-masul-dar-khatlon-1057077966.html
ваҳдат
ромит
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103031/27/1030312786_192:0:2921:2047_1920x0_80_0_0_47b3e89ad3298cf8510d56028391c6eb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, исмоили сомонӣ, замин, ширкат, ҳукумат, ваҳдат, ромит
дар тоҷикистон, исмоили сомонӣ, замин, ширкат, ҳукумат, ваҳдат, ромит
Ҳукумати Тоҷикистон ҳазорҳо гектар заминро ба холдинги Исмоили Сомонӣ дод
10:46 17.12.2023 (Навсозишуда: 10:54 17.12.2023) Ҳазорҳо гектар замин, ки то ҳол дар ихтиёри муассисаҳои давлатии хоҷагии ҷангал буданд, ба ихтиёри ширкати холдингии Исмоили Сомонӣ дода шуданд
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Ширкати холдингии Исмоили Сомонӣ қариби 8,5 ҳазор гектар дар шаҳри Ваҳдатро ба ихтиёр гирифт.
Заминҳои мазкур бо қарори ҳукумат, ки аз ҷониби президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон имзо шудаст, ба муҳлати 20 сол ба холдинг ироа шудаанд.
Ин миқдор аз ҳисоби заминҳои муассисаҳои давлатии хоҷагии ҷангали "Ромит" ва "Ваҳдат" ҷудо карда шудаанд. Таъкид шудааст, ки холдинг ин майдонро ҳамчун чарогоҳҳои мавсимӣ истифода карда, ҳуқуқи ба ихтиёри дигарон додани онро надорад.
Холдинги мазкур аз ҷумлаи ширкатҳои бузург дар Тоҷикистон ба шумор меравад, ки дар бахшҳои мухталиф аз кишоварзӣ то тавлидоту маорифу сохтмон фаъолият дорад.
Аз ҷумла роҳбарияти он дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мактаби президентӣ бо хобгоҳу дигар инфрасохтори заруриро бунёд карда буд, ки дар ифтитоҳи он Эмомалӣ Раҳмон низ иштирок дошт.
Ширкат ният дорад, фаъолияти худро дар бахши саноати Тоҷикистон, аз ҷумла дар вилояти Суғд густариш диҳад.
Ахиран роҳбарияти ширкат бо раиси Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода, фаъолсозии корхонаи "Суғдтекстайлз"-ро мавриди баррасӣ қарор дода буд. Мақомоти тоҷик азм доранд, ки ин корхонаро то 35-солагии Истиқлоли давлатӣ фаъол созанд, ки дар натиҷа то 3,5 ҳазор нафар соҳиби ҷои кор хоҳанд шуд.