https://sputnik.tj/20230512/barkanorii-88-shakhsi-masul-dar-khatlon-1057077966.html
Барканории 88 шахси масъул дар Хатлон
Барканории 88 шахси масъул дар Хатлон
Sputnik Тоҷикистон
Масъулини прокурори вилояти Хатлон мегӯяд баъзе мақомдорон ба ҷойи пешгирӣ аз кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, баръакс, хилофи қонун рафтор мекунанд
2023-05-12T19:21+0500
2023-05-12T19:21+0500
2023-05-12T19:21+0500
дар тоҷикистон
хатлон
прокуратура
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
замин
мақомот
заминфурӯшӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/0c/1057077743_0:208:2049:1360_1920x0_80_0_0_5734b2d7f2893ba18c2ed80ac82a1c14.jpg
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Ахиран дар ҷаласаи васеи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар вилояти Хатолон масъулин прокурори вилоят таъкид кардан, ки баъзе роҳбарони мақомоти давлатӣ, ки масъули ҷудокунӣ ва ҳуҷҷатгузории замин мебошанд, ба ҷойи пешгирӣ аз кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, баръакс, хилофи қонун рафтор мекунанд.Ба гуфтаи пркуратураи вилоят ин масъулин ҳатто заминҳои ба муассисаҳои тиббӣ ва таълимӣ тааллуқдоштаро ғайриқонунӣ тақсим намудаанд.Ба иттилои манбаъ, дар соли 2022 ва 3 моҳи соли ҷорӣ 7 392 ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 603 парвандаи ҷиноятӣ марбут ба замин ба қайд гирифта шудааст.Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар додааст.Тибқи иттилои манбаъ, солҳои охир бо содир кардани 198 лаҳзаи ҷиноят 155 гектар замин дар ҳудуди ноҳияи Восеъ ба шаҳрвандон ғайриқонунӣ тақсим гардидааст, ки як сабаби он беаҳамиятии роҳбарони ноҳия низ ба ҳисоб меравад.Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки ба хотири ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо дар соҳа 88 нафар шахсони масъул бинобар доштани доғи судӣ аз вазифа барканор шуданд ва ҳоло низ дар ин самт камбудиҳо ҷой дорад.Инчунин дар ин ҷаласа дар робита ба содиршавии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон гуфта шуд.Ба иттилои манбаъ, ин қишри ҷомеа дар сурати беназорат будан ва аз таълиму тарбия дур мондан, ба корҳои ношоиста даст мезананд.Дар давраи ҳисоботӣ кормандони мақомоти прокуратура 68 ҳолати монеъ шудан ба таҳсили фарзандро ошкор ва дар робита ба чунин амалҳо парвандаҳои ҷиноятӣ боз намудаанд.
https://sputnik.tj/20230510/zaminho-khatlon-chor-hosil-mumkin-davlatali-said-roh-nishon-dod-1057009842.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/0c/1057077743_0:0:1813:1360_1920x0_80_0_0_6fed6aadfcef01777ca7cefc0db6688e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хатлон, масъул, прокуратура, мақомдорон, хилофи қонун, фаъолият, зиддиҳуқуқӣ, барканорӣ
тоҷикистон, хатлон, масъул, прокуратура, мақомдорон, хилофи қонун, фаъолият, зиддиҳуқуқӣ, барканорӣ
Барканории 88 шахси масъул дар Хатлон
Масъулини прокурори вилояти Хатлон мегӯяд баъзе мақомдорон ба ҷойи пешгирӣ аз кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, баръакс, хилофи қонун рафтор мекунанд
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Ахиран дар ҷаласаи васеи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар вилояти Хатолон масъулин прокурори вилоят таъкид кардан, ки баъзе роҳбарони мақомоти давлатӣ, ки масъули ҷудокунӣ ва ҳуҷҷатгузории замин мебошанд, ба ҷойи пешгирӣ аз кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, баръакс, хилофи қонун рафтор мекунанд.
Ба гуфтаи пркуратураи вилоят ин масъулин ҳатто заминҳои ба муассисаҳои тиббӣ ва таълимӣ тааллуқдоштаро ғайриқонунӣ тақсим намудаанд.
Ба иттилои манбаъ, дар соли 2022 ва 3 моҳи соли ҷорӣ 7 392 ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 603 парвандаи ҷиноятӣ марбут ба замин ба қайд гирифта шудааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, солҳои охир бо содир кардани 198 лаҳзаи ҷиноят 155 гектар замин дар ҳудуди ноҳияи Восеъ ба шаҳрвандон ғайриқонунӣ тақсим гардидааст, ки як сабаби он беаҳамиятии роҳбарони ноҳия низ ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки ба хотири ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо дар соҳа 88 нафар шахсони масъул бинобар доштани доғи судӣ аз вазифа барканор шуданд ва ҳоло низ дар ин самт камбудиҳо ҷой дорад.
Инчунин дар ин ҷаласа дар робита ба содиршавии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон гуфта шуд.
Ба иттилои манбаъ, ин қишри ҷомеа дар сурати беназорат будан ва аз таълиму тарбия дур мондан, ба корҳои ношоиста даст мезананд.
Дар давраи ҳисоботӣ кормандони мақомоти прокуратура 68 ҳолати монеъ шудан ба таҳсили фарзандро ошкор ва дар робита ба чунин амалҳо парвандаҳои ҷиноятӣ боз намудаанд.