ИИАО ва Индонезия минтақаи озоди тиҷоратӣ роҳандозӣ карданиянд: Тафсилот

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкФорум ЕАЭС
Форум ЕАЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2023
Обуна шудан
Ба гуфтаи музокиракунандаи аслӣ аз номи Иттиҳоди иқтимодии Авруосиё, баъзе бобҳои ҳуҷҷатҳо комилан мувофиқа карда шудаанд
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Дар шаҳри Денпасари Индонезия даври сеюми музокирот оид ба бастани созишномаи тиҷорати озод миёни Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Индонезия баргузор шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти ИИАО хабар медиҳад.
Ба гуфтаи сардори бахши масъалаҳои махсуси танзими савдои Департаменти сиёсати савдои Кумиссиюни иқтисодии АвруОсиё ва музокиракунандаи асосӣ аз номи ИИАО Антон Тсетсиновский дар ин бахши музокирот пешравиҳо даст доданд.
"Дар мувофиқа кардани қисми танзими созишнома пешравиҳои назаррас ба даст оварда шуданд - баъзе бобҳо пурра мувофиқа карда шуданд. Мо бо шарикони индонезӣ аз дурнамои босамар ва зуд гуфтушунид мекунем", - гуфт мавсуф.
Ёдовар мешавем, ки ахиран Эрон низ хабар дод, ки дар масъалаи тиҷорати озод бо ИИАО гуфтушунидҳоро ниҳоӣ кардааст.
Ба гуфтаи Меҳдӣ Сафарӣ, муовини вазири умури хориҷаи Эрон интизор меравад, ки имзои ин санад аз тарафи ҷонибҳо рӯзи 25 декабр дар Санкт-Петербург сурат хоҳад гирифт.
Президент РФ В. Путин принимает участие в заседании Высшего Евразийского экономического совета - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2023
Эрон санаи имзои созишномаи тиҷорати озодро бо ИИАО эълон кард
ИА як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ таъсис ёфта, аз 1 январи соли 2015 фаъолият мекунад.
Дар ҳоли ҳозир Русия, Арманистон, Беларус, Қозоқистон ва Қирғизистон аъзои он ҳастанд.
Лентаи хабарҳо
0