Эрон санаи имзои созишномаи тиҷорати озодро бо ИИАО эълон кард

© Sputnik / Владислав Воднев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин принимает участие в заседании Высшего Евразийского экономического совета
Президент РФ В. Путин принимает участие в заседании Высшего Евразийского экономического совета - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2023
Обуна шудан
Муовини вазири умури хориҷаи Эрон аз зарфиятҳои баланди ҷумҳурӣ дар арсаи тиҷорат гузориш дод ва ин изҳоротро бо мисолҳо таъйид кард
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Эрон ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё тасмим доранд, ки дар охири моҳи декабри соли 2023 созишномаи тиҷорати озодро имзо кунанд.
Дар ин бора Меҳдӣ Сафарӣ, муовини вазири умури хориҷаи Эрон дар умури дипломатияи иқтисодӣ дар нишасти матбуотӣ бахшида ба 6-умин намоишгоҳи зарфиятҳои содиротии ҷумҳурӣ хабар дод.
Ба ин тартиб, имзои ин санад аз ҷониби ҷонибҳо рӯзи 25 декабр дар Санкт-Петербург сурат хоҳад гирифт.
Вазири эронӣ дар ҷараёни ин намоишгоҳ ҳамчунин аз зарфиятҳои баланди Эрон дар арсаи тиҷорат ибрози назар кард.
Ӯ қайд кард, ки содироти хадамоти фанниву муҳандисӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ мебошад.
Дар ҳамин ҳол, Меҳдии Сафарӣ афзуд, Теҳрон барои содироти 100 вагон бо яке аз кишварҳои аврупоӣ қарордод дорад.
Подпись документов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2023
ИИАО ва Эрон созишномаи тиҷорати озодро имзо мекунанд: тафсилот
Ёдовар мешавем, ки ахиран Андрей Слепнев, вазири ИИАО дар намоишгоҳи байнулмилалии EURASIA EXPO гуфта буд, ки табодули мол миёни ИИАО ва Эрон дар 3 соли охир ду баробар афзоиш ёфтааст.
Вай ҳамчунин ёдовар шуд, ки аз моҳи октябри соли 2019 миёни ИИАО ва Эрон як созишномаи муваққатии тиҷорати имтиёзнок амал мекунад, ки тибқи он боҷҳо дар тиҷорати мутақобила барои доираи маҳдуди молҳо коҳиш ё лағв мешаванд.
Ин ҳама омилҳо эҳтимолан ба тасмими имзои санади тиҷорати озод миёни Эрон ва иттиҳодия сабаб шуданд.
Лентаи хабарҳо
0