Аз сарбоз то генералҳо: Раиси ВМКБ гуфт, кадом артиш нерӯманд аст

© Foto / Дафтари матбуоти Маҷлиси миллии ТоҷикистонАлишер Мирзонабот ба ҳайси узви нави Маҷлиси миллии Тоҷикистон савганд ёд кард
Алишер Мирзонабот ба ҳайси узви нави Маҷлиси миллии Тоҷикистон савганд ёд кард - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2023
Обуна шудан
Новобаста аз пешрафти технологияи муосири ҳарбию ҷангӣ, то ҳанӯз омили инсонӣ дар ҷодаи мудофиаи ҳарбӣ нақши муассир дорад, изҳор дошт раиси ВМКБ
ДУШАНБЕ, 15 дек – Sputnik. Генерали баландпояи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба сокинону масъулини ВМКБ барои дар рӯзи аввал иҷро кардани нақшаи даъвати тирамоҳии наваскарон сипос гуфта, гуруҳеро қадрдонӣ кард.
Муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон, генерал-майор Абдусатор Шоҳиён дар ҷамъбасти даъвати тирамоҳӣ дар ВМКБ гуфт, шароити хидмат дар қисмҳои низомии кишвар ба маротиб беҳтар гардида, шаҳрвандонро зарур аст, қарзи худро дар назди халқу Ватан иҷро кунанд.
Раиси вилоят Алишер Мирзонабот дар ҷаласа гуфт, зимни пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотию ташвиқотӣ сатҳи ҳуввияти миллии насли ҷавон боло рафт.
"Ҳамин ва дигар омилҳои мусбӣ шароити мусоид фароҳам оварданд, ки вилояти мо, нақшаи даъвати тирамоҳии соли ҷориро низ, чун анъана, дар рӯзи аввали даъват ба иҷро расонад", - гуфт ӯ.
Тақдими калиди хонаҳо дар шаҳри Хоруғ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2023
Кормандони мақомоту низомиён дар Хоруғ соҳиби манзил шуданд
Генерал Мирзонабот афзуд, ки раисҷумҳури Тоҷикистон ба мавқеи устувори шаҳрвандии сокинони Бадахшонзамин баҳои сазовор дода, онро намунаи беҳтарини ватандорию миллатдӯстӣ арзёбӣ менамоянд.
"Аз ҷониби дигар, он моро водор месозад, ки дар самти таъмини амнияти давлат ва ҳифзи марзу буми он, инчунин, дастовардҳои таърихию фарҳангӣ ва комёбиҳои замони соҳибистиқлолӣ аз худ масъулияти баланд нишон диҳем", - изҳор дошт ӯ.
Таъкид гардид, ки новобаста аз пешрафти технологияи муосири ҳарбию ҷангӣ, то ҳанӯз омили инсонӣ дар ҷодаи мудофиаи ҳарбӣ нақши муассир дорад.
"Он артише нерӯманд аст, ки аз генерал то сарбози қаторӣ дар сафҳои он дорои ҳуввияти баланди миллӣ буда, қалбан, руҳан ва ботинан омодаи ҷоннисорӣ барои Ватан ва арзишҳои муқаддаси он бошанд", - гуфт ӯ.
Алишер Мирзонабот вазъи имрӯзаи ҷаҳонро пешгӯинашаванда ва зудтағйирёбанда зикр намуда, афзуд, ки дар ин ҷода ҳамеша омода ва устувор бояд буд.
Лентаи хабарҳо
0