https://sputnik.tj/20231215/lavrov-maskavi-minsk-amniyati-avruosiyo-1060928752.html
Лавров: Маскаву Минск амнияти авруосиёиро бо такя ба ҳамгироӣ месозанд
Лавров: Маскаву Минск амнияти авруосиёиро бо такя ба ҳамгироӣ месозанд
Sputnik Тоҷикистон
Ғарбгароён бо аъмолашон, ки хатарҳо эҷод карданду буҳрони Украинаро ба вуҷуд овардаанд, барои ҳамеша амнияти воҳиду баробар дар Аврупоро халалдор намуданд
2023-12-15T14:33+0500
2023-12-15T14:33+0500
2023-12-15T14:46+0500
сергей лавров
белорус
маскав
авруосиё
амният ва мудофиа
дар русия
нато
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/0c/1060849288_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_17ae731feca0d81df70efdf879fae800.jpg
ДУШАНБЕ, 15 дек – Sputnik. Дар шароити кунунӣ Русия ва Беларус дар баррасии масоили суботи минтақаӣ бо кишварҳои ғарбӣ суде намебинанд. Ин нуктаро вазири корҳои хориҷии Русия, Сергей Лавров дар нишасти муштараки ҳайати мушовараи мақомоти корҳои хориҷӣ бо Белорус баён дошта, афзуд, ки Маскав ва Минск як меъмории амниятро дар минтақаи Авруосиё бунёд хоҳанд кард. "Дар пасманзари вазъи кунунии байналмилалӣ мо ба дурнамои ташаккули системаи амнияти аврупоӣ - маҳз он системае, ки бӯҳрони он дар чорабинии ахир (Шӯрои вазирони САҲА) дар Македония ба таври возеҳ нишон дода шуд, таваҷҷӯҳи хоса хоҳем дод", - гуфт ӯ. Лавров афзуд, аъмоли Ғарби дастаҷамъӣ, аз ҷумла бӯҳрони Украина, тамоми системаи амниятии Аврупоро хароб кард ва ғарбиҳо дар ниҳоят принсипи баробарӣ ва тақсимнашавандаи амниятро зери хок карданд. НАТО фаъолияти низомии худро дар сарҳадҳои ғарбии давлати иттиҳод афзоиш медиҳад, ҳушдлор дод Лавров ва илова намуд, ки дар чунин шароит сухан дар бораи равишҳои муштарак бо кишварҳои ғарбӣ барои таъмини суботи минтақа маъное надораду ғайриимкон аст. "Аз ин рӯ, вазифа аз он иборат аст, ки меъмории амнияти устувор, дар ҳамкорӣ бо саросари Авруосиё дар якҷоягӣ бо созандае, ки давлатҳо муайян мекунанд ва ба иттиҳодияҳои ҳамгироии мавҷуда такя мекунанд”, - афзуд Лавров. Ба гуфтаи ӯ, рушди ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинӣ низ дар мавриди таваҷҷуҳ хоҳад буд.
https://sputnik.tj/20231210/putin-ishtirokdoron-amaliyoti-vizha-rusiya-1060814008.html
белорус
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/0c/1060849288_194:0:2925:2048_1920x0_80_0_0_5189817f8765a2d9395d68a6284d407d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амният, авруосиё, меъморӣ, ғарб
амният, авруосиё, меъморӣ, ғарб
Лавров: Маскаву Минск амнияти авруосиёиро бо такя ба ҳамгироӣ месозанд
14:33 15.12.2023 (Навсозишуда: 14:46 15.12.2023) Ғарбгароён бо аъмолашон, ки хатарҳо эҷод карданду буҳрони Украинаро ба вуҷуд овардаанд, барои ҳамеша амнияти воҳиду баробар дар Аврупоро халалдор намуданд
ДУШАНБЕ, 15 дек – Sputnik. Дар шароити кунунӣ Русия ва Беларус дар баррасии масоили суботи минтақаӣ бо кишварҳои ғарбӣ суде намебинанд.
Ин нуктаро вазири корҳои хориҷии Русия, Сергей Лавров дар нишасти муштараки ҳайати мушовараи мақомоти корҳои хориҷӣ бо Белорус баён дошта, афзуд, ки Маскав ва Минск як меъмории амниятро дар минтақаи Авруосиё бунёд хоҳанд кард.
"Дар пасманзари вазъи кунунии байналмилалӣ мо ба дурнамои ташаккули системаи амнияти аврупоӣ - маҳз он системае, ки бӯҳрони он дар чорабинии ахир (Шӯрои вазирони САҲА) дар Македония ба таври возеҳ нишон дода шуд, таваҷҷӯҳи хоса хоҳем дод", - гуфт ӯ.
Лавров афзуд, аъмоли Ғарби дастаҷамъӣ, аз ҷумла бӯҳрони Украина, тамоми системаи амниятии Аврупоро хароб кард ва ғарбиҳо дар ниҳоят принсипи баробарӣ ва тақсимнашавандаи амниятро зери хок карданд.
НАТО фаъолияти низомии худро дар сарҳадҳои ғарбии давлати иттиҳод афзоиш медиҳад, ҳушдлор дод Лавров ва илова намуд, ки дар чунин шароит сухан дар бораи равишҳои муштарак бо кишварҳои ғарбӣ барои таъмини суботи минтақа маъное надораду ғайриимкон аст.
"Аз ин рӯ, вазифа аз он иборат аст, ки меъмории амнияти устувор, дар ҳамкорӣ бо саросари Авруосиё дар якҷоягӣ бо созандае, ки давлатҳо муайян мекунанд ва ба иттиҳодияҳои ҳамгироии мавҷуда такя мекунанд”, - афзуд Лавров.
Ба гуфтаи ӯ, рушди ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинӣ низ дар мавриди таваҷҷуҳ хоҳад буд.