Шаҳраки Адрасмон се сол боз об надорад: сокинон аз ваъдахилофии мақомот шикоят доранд

Обуна шудан
Сокинони шаҳраки Адрасмон дар шаҳри Гулистон мегӯянд, дар биноҳои ошёнадор зиндагӣ мекунанд, аммо обро аз чор тараф дастӣ мекашонанд
Сокинон мегӯянд, оиди ин мушкил ҳама идораҳои дахлдори ҳукумати шаҳри Гулистон огоҳ ҳастанд, вале се сол аст, ки дастуру ваъдаҳои масъулин иҷроношуда боқӣ мондааст.
Қумринисо Холбоева, аз сокинони Адрасмон изҳор намуд, ки онҳо дар маркази шаҳрак дар шароити бинои ошёнадор зиндагӣ мекунанд, аммо об то хонаҳояшон намебарояд.
Ба гуфтаи ӯ, мушкили онҳо дар солҳои баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди шӯравӣ ба миён омад ва солҳои охир сангин шудааст.
"Ҳоло як соат об медиҳанд. Дар ин фурсати обрасонӣ чи гуна мешавад ҳамаи корҳои лозим ба рӯзғордориро анҷом дод?, албатта хеле мушкил аст. Мо обро бо зарфҳо аз чор тараф мекашонем, ин ки он тоза аст, ё ғайрисанитарӣ намедонем ва ночор онро истифода мебарем”, - зикр кард Пулотова.
Сокинони ин шаҳрак ба Sputnik Тоҷикистон изҳор доштанд, ки баъди аз кор бозистодани Комбинати маъдантозакунии Адрасмон обрасонии ин шаҳрак ҳам ба мушкил печид.
Мирзоқӯзи Умаров, сокини дигари ин шаҳрак гуфт, " оиди ин масъала маҷлис доир шуда, шахсан раиси шаҳри Гулистон омада, ваъда дода буд, ки масъала ҳал мешавад, аммо амалан коре то имрӯз иҷро нашудааст".

Масъулин: муҳаррикҳои обрасон корношоям шудаанд

Масъулини шаҳраки Адрасмон дар сӯҳбат ба Sputnik Тоҷикистон сабаби мушкили норасоии оби нушокиро шарҳ доданд.
Абдуфаттоҳ Умматов, сардори Идораи хидматрасонии коммуналию манзилии шаҳраки Адрасмон мегӯяд, муҳаррикҳои обкашӣ бозмондаи замони шӯравӣ буда, ба ин ҳол фарсудаву корношоям шудаанд.

Ӯ иброз намуд, ки иваз намудани ҳамаи онҳо дар ҳоли ҳозир ғайримкон аст, зеро иҷрои ин кор маблағи зиёдро тақозо мекунад ва буҷаи корхона феълан тавони онро надорад.
Бузургтарин корхонаи Тоҷикистон 10 сол боз “хоб” аст: Адрасмон кай ба кор медарояд? - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2023
Бузургтарин корхонаи Тоҷикистон 10 сол боз “хоб” аст: "Адрасмон" кай ба кор медарояд?
"Пойгоҳҳои обкашӣ корношоям шудагӣ ва истифодаи онҳо мушкил шуда истодааст. Барои таъмири онҳо масъулони чанд корхонаҳои саноатӣ ваъдаи кӯмак кардаанд ва талош мекунем корҳоро ҳарчи пештар ба анҷом расонем”, - гуфт Умматов.
Шаҳраки Адрасмон дар замони Шӯравӣ аз шаҳракҳои саноати маъруф дар шимоли Тоҷикистон буд. Ин шаҳрак соли 1941 дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар заминаи фаъолсозии Комбинати маъдантозакунии “Адрасмон” аз бузургтарин корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ташкил шуда буд, ки беш аз 1500 сокин дар он ба шуғл фаро гирифта мешуданд.
Лентаи хабарҳо
0