Ҷои кори прокурорҳо дар Тоҷикистон васеътар мешавад

© Foto / Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонГенеральная прокуратура Таджикистана
Генеральная прокуратура Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2023
Обуна шудан
Дар бинои нав, ки дорои 93 утоқи корӣ мебошад, шӯъбаи тозатаъсиси Прокуратураи генералии Тоҷикистон ҷойгир аст
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Дар Душанбе бинои нави Прокуратураи генералӣ ба истифода дода шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар маросими ба истифода додани ин иншоот Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ширкат доштанд.
Бино бо масоҳати умумии зиёда аз 860 метри мураббаъ сохта шуда, аз 7 ошёна иборат аст.
Ин иншоот 93 утоқи корӣ, 4 маҷлисгоҳ, ҷои қабули шаҳрвандон, ошхона барои 180 нафар дорад. Ҳамчунин кормандон имкон доранд дар дохили иншоот ба тамрини бадан машғул шаванд.
Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2023
Прокуратураи генералӣ аз коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ хабар дод
Дар бинои нав шӯъбаи тозатаъсиси Прокуратураи генералӣ – Маркази ягонаи иттилоотии пешгирии ифротгароӣ, терроризм ва киберҷиноятҳо ҷойгир аст.
Марказ бо навтарин техника ва технологияи ҳозиразамони иттилоотӣ-коммуникатсионӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, дорои низоми ягона ва мутамаркази электронӣ барои танзими фаъолияти зиддитеррористӣ мебошад.
"Низоми электронӣ имкон фароҳам меорад, ки чораҳои пешгирикунандаи зидди экстремизм ва терроризм дар ҷумҳурӣ ба таври мутамарказ ва ҳадафмандона татбиқ шаванд", - гуфта мешавад дар хабар.
Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони Прокуратураи генералӣ мулоқот намуда, ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷиноятҳои мухталиф, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон ба ташкилоти террористӣ-экстремистӣ, таъмини амнияти киберӣ ва иттилоотӣ дар ҷумҳурӣ дастур дод.
Маврид ба зикр аст, ки сохтмони ин иншоот моҳи марти соли 2018 оғоз ёфт. Қаблан хабар дода шуд, ки дар вилояти Суғд корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозӣ дар беш аз 3 ҳазор иншоот то ҷашни истиқлоли Тоҷикистон анҷом ёфт.
Лентаи хабарҳо
0