https://sputnik.tj/20231122/aloqai-mobili-standar-hudud-tojikiston-farogir-1060565751.html
Алоқаи мобилии стандартҳои 2G дар 95% ҳудуди Тоҷикистон фарогир мебошад
Алоқаи мобилии стандартҳои 2G дар 95% ҳудуди Тоҷикистон фарогир мебошад
Sputnik Тоҷикистон
Гурӯҳи кории назди Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, ки бо стандартҳои 2G имкони пардохти ғайринақдӣ аз тариқи POS-терминалҳо ба аҳолии мамлакат муҳайё аст
2023-11-22T18:51+0500
2023-11-22T18:51+0500
2023-11-22T18:51+0500
дар тоҷикистон
интернет
алоқа
хадамоти алоқа
алоқаи мобилӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103082/75/1030827522_0:156:3000:1844_1920x0_80_0_0_52810b7d85be7382b7cab2fc1c486e66.jpg
ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Гурӯҳи кории назди Хадамоти алоқаи Тоҷикистон хабар додааст, ки корҳои санҷишии сатҳи фарогирии алоқаи барқӣ дар маҳалҳо нишон додааст, ки алоқаи мобилии стандартҳои 2G 95 фисади ҳудуди Тоҷикистонро фарогир мебошад.Иттилоъ додааст дафтари матбуоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон.Ба иттилои манбаъ, Хадамот пайваста ба минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ сафар намуда, дар бораи вазъияти дастрасии алоқаи барқӣ санҷишҳо мегузаронад.Ҳамзамон ин ниҳоди давлатӣ таъкид кардааст, ки бо мақсади дастрасӣ ба алоқаи мобилии стандартҳои 3G ва 4G ва фароҳам намудани шароити мусоид, бахусус дар заминаи гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар ин гуна маҳалҳо корҳои амалӣ аз ҷониби операторони мобилӣ дар ҳамкорӣ бо Хадамоти алоқа бо суръат идома доранд.Қайд карда шудааст, ки бо ин мақсад аз тарафи сардори Хадамоти алоқа 7 маротиба бо намояндагони Бонки миллӣ, "Амонатбонк", "Барқи тоҷик", Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва ширкатҳои мобилӣ вохӯриҳои муштарак гузаронида шуданд.Дастраскунандагони алоқаи барқӣ вазифадор шуданд, ба нақшаҳо тағйиру иловаҳо ворид намоянд ва барои иҷрои фармони президент тамоми малакаи корӣ ва имкониятро истифода баранд.Ҳамзамон аз ҷониби Хадамоти алоқа ба масъулин пешниҳод шудааст, ки муассисаҳои дахлдор дар маҳалҳо POS-терминалҳо насб намуда, таҳти пӯшиши шабакаи алоқаи барқӣ аз хизматрасонии тамоми операторҳои дар Тоҷикистон фаъолияткунанда истифода баранд ва фаъолияти худро таҳти пӯшиши як оператор маҳдуд нанамоянд.
https://sputnik.tj/20231101/beg-sabur-masulin-bakhsh-aloqa-hisobot-1060262008.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103082/75/1030827522_167:0:2834:2000_1920x0_80_0_0_3842e038617b35317d7ab0054a971ae2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, алоқаи мобилӣ, ҳудуд, интернет, пардохт ғайринақдӣ, pos-терминалҳо, хадамоти алоқа
тоҷикистон, алоқаи мобилӣ, ҳудуд, интернет, пардохт ғайринақдӣ, pos-терминалҳо, хадамоти алоқа
Алоқаи мобилии стандартҳои 2G дар 95% ҳудуди Тоҷикистон фарогир мебошад
Гурӯҳи кории назди Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, ки бо стандартҳои 2G имкони пардохти ғайринақдӣ аз тариқи POS-терминалҳо ба аҳолии мамлакат муҳайё аст
ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Гурӯҳи кории назди Хадамоти алоқаи Тоҷикистон хабар додааст, ки корҳои санҷишии сатҳи фарогирии алоқаи барқӣ дар маҳалҳо нишон додааст, ки алоқаи мобилии стандартҳои 2G 95 фисади ҳудуди Тоҷикистонро фарогир мебошад.
Иттилоъ додааст дафтари матбуоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, Хадамот пайваста ба минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ сафар намуда, дар бораи вазъияти дастрасии алоқаи барқӣ санҷишҳо мегузаронад.
“Санҷишҳо нишон доданд, ки бо ин стандарт имкони пардохти ғайринақдӣ аз тариқи POS-терминалҳо ба аҳолии мамлакат муҳайё аст”, - қайд намудааст манбаъ.
Ҳамзамон ин ниҳоди давлатӣ таъкид кардааст, ки бо мақсади дастрасӣ ба алоқаи мобилии стандартҳои 3G ва 4G ва фароҳам намудани шароити мусоид, бахусус дар заминаи гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар ин гуна маҳалҳо корҳои амалӣ аз ҷониби операторони мобилӣ дар ҳамкорӣ бо Хадамоти алоқа бо суръат идома доранд.
Қайд карда шудааст, ки бо ин мақсад аз тарафи сардори Хадамоти алоқа 7 маротиба бо намояндагони Бонки миллӣ, "Амонатбонк", "Барқи тоҷик", Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва ширкатҳои мобилӣ вохӯриҳои муштарак гузаронида шуданд.
Дастраскунандагони алоқаи барқӣ вазифадор шуданд, ба нақшаҳо тағйиру иловаҳо ворид намоянд ва барои иҷрои фармони президент тамоми малакаи корӣ ва имкониятро истифода баранд.
Ҳамзамон аз ҷониби Хадамоти алоқа ба масъулин пешниҳод шудааст, ки муассисаҳои дахлдор дар маҳалҳо POS-терминалҳо насб намуда, таҳти пӯшиши шабакаи алоқаи барқӣ аз хизматрасонии тамоми операторҳои дар Тоҷикистон фаъолияткунанда истифода баранд ва фаъолияти худро таҳти пӯшиши як оператор маҳдуд нанамоянд.