Тоҷикистон ва кишварҳои ИИАО ҳуқуқи муаллиф дар интернетро ҳимоят мекунанд

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкФорум ЕАЭС
Форум ЕАЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.12.2023
Обуна шудан
Ихтироот, тамғаҳои молӣ, намунаҳои саноатӣ ва ҳуқуқи муаллиф махсусан системаи самараноки идоракунии моликияти зеҳниро талаб мекунанд
ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Кишварҳои ИИАО ва Тоҷикистон созишномаи мубориза бо нақзи ҳуқуқи муаллиф дар интернетро омода мекунанд.
Дар ин бора муовини вазири рушди иқтисоди Русия Дмитрий Волвач изҳор дошт.
Қайд карда мешавад, ки ихтироъҳо, тамғаҳои молӣ, намунаҳои саноатӣ ва ҳуқуқи муаллиф махсусан системаи муассири идоракунии моликияти зеҳниро талаб мекунанд.
Вай таъкид кард, ки ин самт "яке аз унсурҳои асосии иқтисоди муосир аст".
"Тавассути Созмони патентии Авруосиё системаи ҳифзи минтақавии ихтироъ дар фазои Авруосиё самаранок амал мекунад. Патенти ягонаи авруосиёӣ дар қаламрави Озарбойҷон, Туркманистон, Тоҷикистон ва панҷ кишвари узви ИИАО амал мекунад", - изҳор дошт муовини вазир.
Дмитрий Волвач ҳамчунин аз имзои Созишнома дар бораи равишҳои ҳамоҳангшуда барои мубориза бо нақзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ дар интернет хабар дод, ки кишварҳои ИИАО дар якҷоягӣ бо идораҳои дахлдор омода мекунанд.
Ба гуфтаи ӯ, ин санад ба баланд бардоштани самаранокии ҳифзи моликияти зеҳнӣ дар ин иттиҳод нигаронида шуда, барои сода кардани ҳамкории соҳибони ҳуқуқ бо идораҳои ваколатдори ҳамаи кишварҳои узви “панҷгонаи Авруосиё” пешбинӣ шудааст.
Работа за компьютером. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.10.2023
Созишномаи ҳуқуқи муаллифии ИДМ дар Тоҷикистон эътибор пайдо кард
Маврид ба зикр аст, ки ахиран пас аз тасвиби парлумон дар Тоҷикистон созишномаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар бораи ҳифзи ҳуқуқи муаллиф дар интернет эътибор пайдо кард.
Ин санад, ки аз сӯи вакилони порлумони Тоҷикистон ба тасвиб расид, ҳанӯз соли 2021 дар Минск аз сӯи кишварҳои ИДМ қабул шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0