https://sputnik.tj/20231030/sozishnoma-huquq-muallifi-idm-tojikiston-etibor-1060229042.html
Созишномаи ҳуқуқи муаллифии ИДМ дар Тоҷикистон эътибор пайдо кард
Созишномаи ҳуқуқи муаллифии ИДМ дар Тоҷикистон эътибор пайдо кард
Sputnik Тоҷикистон
Созишнома назорати риояи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он дар фазои ВАО, инчунин ҳалли мушкилоти дар ин соҳа ба миён омадаро пешбинӣ мекунад
2023-10-30T17:11+0500
2023-10-30T17:11+0500
2023-10-30T17:11+0500
дар тоҷикистон
идм
созишнома
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101870/08/1018700833_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_616a42d7e8554125f0f0156f7967b2cd.jpg
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон созишномаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар бораи ҳифзи ҳуқуқи муаллиф дар интернет эътибор пайдо кард. Дар ин бора дар қарори палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар дода шудааст. Ин санад, ки аз сӯи вакилони порлумони Тоҷикистон ба тасвиб расид, ҳанӯз соли 2021 дар Минск аз сӯи кишварҳои ИДМ қабул шуда буд. Зимнан зикр мегардад, ки бар асоси ин созишнома ҳукумати Тоҷикистон бояд Кумитаи иҷроияи Иттиҳодро аз иҷрои расмиёти зарурӣ аз ҷониби ҷумҳурӣ барои эътибор пайдо кардани созишнома огоҳ намояд. Созишнома назорати риояи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба фазои ВАО-ро пешбинӣ мекунад. Гуфта мешавад, ки тадбирҳои мувофиқашудаи ҳуҷҷат барои муайян ва ҳалли мушкилот дар соҳаи моликияти зеҳнӣ дар Интернет мусоидат мекунанд. Мушаххас шудааст, ки Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқӣ ва ҳифзи моликияти зеҳнӣ дар доираи ИДМ ҳамкориҳои тарафайнро, ки созишномаро қабул кардаанд, ҳамоҳанг хоҳад кард. Қобили зикр аст, ки дар моҳи майи соли ҷорӣ ин созишнома аз ҷониби Қазоқистон ба тасвиб расида, моҳи октябри соли 2022 хабар дода шуд, ки ин санад дар Ӯзбекистон низ тасвиб шуда, аз моҳи сентябри соли ҷорӣ барои Русия эътибор пайдо кард.
https://sputnik.tj/20231024/shikoyat-bisyor-beg-sabur-narkh-surat-internetro-shirkatho-barrasi-1060128486.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101870/08/1018700833_346:0:3077:2048_1920x0_80_0_0_153c09fff3b18bc868b82d1696b61ba4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
созишнома ҳуқуқ муаллиф идм тоҷикистон эътибор
созишнома ҳуқуқ муаллиф идм тоҷикистон эътибор
Созишномаи ҳуқуқи муаллифии ИДМ дар Тоҷикистон эътибор пайдо кард
Созишнома назорати риояи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он дар фазои ВАО, инчунин ҳалли мушкилоти дар ин соҳа ба миён омадаро пешбинӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон созишномаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар бораи ҳифзи ҳуқуқи муаллиф дар интернет эътибор пайдо кард.
Дар ин бора дар қарори палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар дода шудааст.
Ин санад, ки аз сӯи вакилони порлумони Тоҷикистон ба тасвиб расид, ҳанӯз соли 2021 дар Минск аз сӯи кишварҳои ИДМ қабул шуда буд.
Зимнан зикр мегардад, ки бар асоси ин созишнома ҳукумати Тоҷикистон бояд Кумитаи иҷроияи Иттиҳодро аз иҷрои расмиёти зарурӣ аз ҷониби ҷумҳурӣ барои эътибор пайдо кардани созишнома огоҳ намояд.
Созишнома назорати риояи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба фазои ВАО-ро пешбинӣ мекунад.
Гуфта мешавад, ки тадбирҳои мувофиқашудаи ҳуҷҷат барои муайян ва ҳалли мушкилот дар соҳаи моликияти зеҳнӣ дар Интернет мусоидат мекунанд.
Мушаххас шудааст, ки Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқӣ ва ҳифзи моликияти зеҳнӣ дар доираи ИДМ ҳамкориҳои тарафайнро, ки созишномаро қабул кардаанд, ҳамоҳанг хоҳад кард.
Қобили зикр аст, ки дар моҳи майи соли ҷорӣ ин созишнома аз ҷониби Қазоқистон ба тасвиб расида, моҳи октябри соли 2022 хабар дода шуд, ки ин санад дар Ӯзбекистон низ тасвиб шуда, аз моҳи сентябри соли ҷорӣ барои Русия эътибор пайдо кард.