Сафар аз Душанбе ба Хуҷанд минбаъд осонтар мешавад: тафсилот

© Sputnik / Илья Наймушин / Гузариш ба медиабонкСамолеты в аэропорту
Самолеты в аэропорту  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.12.2023
Обуна шудан
Ҳавопаймоҳо дар масири Душанбе ва маркази маъмурии вилояти Суғд бештар ба парвоз шурӯъ мекунанд - ин навоварӣ аз 16 декабр мавриди амал қарор мегирад
ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Теъдоди парвозҳо миёни Душанбеву Хуҷанд афзоиш хоҳад ёфт.
Дар ин бора дафтари матбуоти ширкати миллии ҳавопаймоии "Сомон Эйр" хабар дод.
Раҳбарияти ин ширкат тасмим гирифтааст, ки басомади парвозҳо дар масири Душанбе-Хуҷанд-Душанберо афзоиш диҳад. Навоварӣ аз 16 декабр эътибор пайдо мекунад.
"Тадбирҳо барои қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ба нақлиёт дар ин хатсайрҳо андешида шудаанд", - омадааст дар изҳороти интиқолдиҳанда.
Ҳамин тариқ, ширкати ҳавопаймоӣ ҳар рӯз парвозҳоро дар ин масир анҷом медиҳад ва ин аввалин таҷрибаи зиёд кардани басомад дар ин масир дар фасли зимистон нест.
Ширкати ҳавопаймоӣ ҳамасола дар ин мавсим шумори парвозҳо миёни Душанбе ва Хуҷандро афзоиш медиҳад, то сокинони ин ду шаҳр имкон пайдо кунанд, ки сари вақт ва бехатар ба макони таъиноти худ бирасанд.
Ҳама парвозҳо аз пойтахт ба Хуҷанд ва бозгашт тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 737 анҷом дода мешаванд. Чиптаҳо аллакай ба фурӯш гузошта шудаанд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ширкат.
Имзои созишнома дар бораи долони нави ҳавоӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2023
Парвозҳои транзитӣ ва байналмилалӣ аз Тоҷикистон зиёд мешавад
Қобили зикр аст, ки имрӯз ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Чин, Эрон, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Русия, Қазоқистон ва Узбекистон бомуваффақият анҷом медиҳад. Барои мусофирон ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 хидмат мерасонанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр"-и Тоҷикистон теъдоди парвозҳо ба Русияро афзоиш додааст. Ҳоло ҳавопаймоҳо ҳафтае 2 маротиба аз Душанбе ба фурудгоҳи "Жуковский" Маскав парвоз мекунанд.
Парвозҳои муқарраршуда рӯзҳои сешанбе ва шанбе амал мекунанд. Дар ин ҳолат шумо метавонед рӯзи чоршанбе ё якшанбе ба Душанбе баргардед.
Лентаи хабарҳо
0