https://sputnik.tj/20231206/parvozhoi-tranziti-baynalmilali-tojikiston-1060743712.html
Парвозҳои транзитӣ ва байналмилалӣ аз Тоҷикистон зиёд мешавад
Парвозҳои транзитӣ ва байналмилалӣ аз Тоҷикистон зиёд мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Миёни ду кишвар Тоҷикистону Чин боз як санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Ду кишвар ҳамкории авиатсиониро густариш медиҳанд
2023-12-06T09:02+0500
2023-12-06T09:02+0500
2023-12-06T09:02+0500
дар тоҷикистон
чин
ҳамкорӣ
парвозҳо
транзит
байналмилалӣ
созишнома
имзо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/05/1060743542_53:0:1227:660_1920x0_80_0_0_11fc0c661701a09f40e626cbcc9c51da.jpg
ДУШАНБЕ, 6 дек – Sputnik. Созишномаи нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Чин дар бораи ифтитоҳи долони нави ҳавоӣ ба имзо расид.Дар маросими имзои ин санад таъкид шуд, ки барои ифтитоҳи долони нави ҳавоӣ пешниҳоди Тоҷикистонро ҷониби Чин зарурӣ шуморида, нисбат ба ифтитоҳи хати нав таваҷҷуҳ зоҳир намуд.Ба иттилои манбаъ, дар доираи тадбирҳои андешида КВД "Тоҷикаэронавигатсия" барои ифтитоҳи хати нави ҳавоӣ дар ҳудуди Тоҷикистон низом ва таҷҳизоти зарурӣ, аз қабили DME/DME, SSR MLAT ва якчанд низоми муосири соҳаро харидорӣ ва насб намуд, ки онро метавон қадами муассир барои расидан ба ҳадаф арзёбӣ намуд.Инчунин низоми ADS-B, ки тавоноии бинишро дар баландии 10 ҳазору 100 метр доро мебошад, насб гардид.Ҳамзамон байни Тоҷикистон ва Чин низоми навигатсионии хусусияти RNP-4 истифода мешавад, ки вобаста бо ҳамоҳангии Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) то соли 2025 низоми навигатсионии нави RNP-4 ва RNP-2 иваз хоҳад шуд.Бояд тазаккур дод, ки ифтитоҳи долони нави ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Чин ба баромадани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҷалби парвозҳои транзитӣ, рушди соҳаи саноат, сайёҳӣ, ҷалби ширкатҳои хориҷӣ ба фазои кишвар мусоидат намуда, шумораи парвозҳои байналмилалиро васеъ ва робитаи авиатсиониро бо ширкатҳои хориҷӣ қавитар менамояд.
https://sputnik.tj/20230910/dushanbe-fehrast-sertalabgortarin-parvoz-furudgoh-pulkovo-1059311661.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/05/1060743542_120:0:1080:720_1920x0_80_0_0_dabdb4abd79af00bd3c60a4f9c8801a7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, парвозҳо, транзитӣ, байналмилалӣ, ҳамкорӣ, авиатсионӣ, густариш
тоҷикистон, парвозҳо, транзитӣ, байналмилалӣ, ҳамкорӣ, авиатсионӣ, густариш
Парвозҳои транзитӣ ва байналмилалӣ аз Тоҷикистон зиёд мешавад
Миёни ду кишвар Тоҷикистону Чин боз як санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Ду кишвар ҳамкории авиатсиониро густариш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 6 дек – Sputnik. Созишномаи нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Чин дар бораи ифтитоҳи долони нави ҳавоӣ ба имзо расид.
Дар маросими имзои ин санад таъкид шуд, ки барои ифтитоҳи долони нави ҳавоӣ пешниҳоди Тоҷикистонро ҷониби Чин зарурӣ шуморида, нисбат ба ифтитоҳи хати нав таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Ба иттилои манбаъ, дар доираи тадбирҳои андешида КВД "Тоҷикаэронавигатсия" барои ифтитоҳи хати нави ҳавоӣ дар ҳудуди Тоҷикистон низом ва таҷҳизоти зарурӣ, аз қабили DME/DME, SSR MLAT ва якчанд низоми муосири соҳаро харидорӣ ва насб намуд, ки онро метавон қадами муассир барои расидан ба ҳадаф арзёбӣ намуд.
Инчунин низоми ADS-B, ки тавоноии бинишро дар баландии 10 ҳазору 100 метр доро мебошад, насб гардид.
Ҳамзамон байни Тоҷикистон ва Чин низоми навигатсионии хусусияти RNP-4 истифода мешавад, ки вобаста бо ҳамоҳангии Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) то соли 2025 низоми навигатсионии нави RNP-4 ва RNP-2 иваз хоҳад шуд.
Бояд тазаккур дод, ки ифтитоҳи долони нави ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Чин ба баромадани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҷалби парвозҳои транзитӣ, рушди соҳаи саноат, сайёҳӣ, ҷалби ширкатҳои хориҷӣ ба фазои кишвар мусоидат намуда, шумораи парвозҳои байналмилалиро васеъ ва робитаи авиатсиониро бо ширкатҳои хориҷӣ қавитар менамояд.