https://sputnik.tj/20231212/barrasi-munosibat-dujoniba-tojikiston-qirghiziston-dushanbe-1060841591.html
Баррасии густариши муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар Душанбе
Баррасии густариши муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар пойтахти кишвар зимни мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои ду кишвар баррасӣ намуданд
2023-12-12T09:02+0500
2023-12-12T09:02+0500
2023-12-12T09:02+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
ҳамкорӣ
равобит
муносибат
вух-и тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/0b/1060841236_0:83:1200:758_1920x0_80_0_0_4e3c10a09b2362a28bab4accdc831283.jpg
ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ бо сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон Эрлан Абдилдаев баргузор гардид."Ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ намуданд. Дар рафти мулоқот омодагии ду кишвар барои густариши бомароми муносибатҳои дуҷониба таъкид гардид", - қайд кардааст дафтари матбуоти вазорати хориҷа.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи тақсими каме бештар аз 24 километри дигари марзи давлатӣ ба мувофиқа расониданд.Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод, ки ҷаласаи навбатии дуҷонибаи гурӯҳҳои топографӣ ва корӣ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд аз 29 ноябр то 5 декабр баргузор гардид."Ҳайатҳои корӣ ва топографӣ 24,01 км сарҳадро мувофиқа намуданд. Зимни мулоқот, ки дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ доир шуд, Протоколи навбатӣ ба имзо расид", - афзудааст манбаъ.Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки таъини гузариши хатти қитъаҳои боқимондаи сарҳади давлатиро дар мулоқоти навбатӣ, ки дар Қирғизистон баргузор мегардад, идома диҳанд.Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 970 километр марзи муштарак доранд ва то ҳанӯз чандсад километри он таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст.Гурӯҳҳои кории байниҳукуматӣ талош доранд, марзи боқимондаро бо дарназардошти ҳифзи манофеи дуҷониба таъйин ва аломатгузорӣ кунанд. Мулоқоти ҷонибҳо бо навбат дар қаламрави тарафайн баргузор мегарданд.
https://sputnik.tj/20231205/tojikiston-qirghiziston-taqsim-marz-muvofiqa-1060729479.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/0b/1060841236_74:0:1141:800_1920x0_80_0_0_d75e5f31bdfb0249304065c1656e6342.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, ҳамкорӣ, равобит, муносибат, мулоқот, мақомот
тоҷикистон, қирғизистон, ҳамкорӣ, равобит, муносибат, мулоқот, мақомот
Баррасии густариши муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар Душанбе
Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар пойтахти кишвар зимни мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои ду кишвар баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ бо сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон Эрлан Абдилдаев баргузор гардид.
"Ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ намуданд. Дар рафти мулоқот омодагии ду кишвар барои густариши бомароми муносибатҳои дуҷониба таъкид гардид", - қайд кардааст дафтари матбуоти вазорати хориҷа.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи тақсими каме бештар аз 24 километри дигари марзи давлатӣ ба мувофиқа расониданд.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод, ки ҷаласаи навбатии дуҷонибаи гурӯҳҳои топографӣ ва корӣ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд аз 29 ноябр то 5 декабр баргузор гардид.
"Ҳайатҳои корӣ ва топографӣ 24,01 км сарҳадро мувофиқа намуданд. Зимни мулоқот, ки дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ доир шуд, Протоколи навбатӣ ба имзо расид", - афзудааст манбаъ.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки таъини гузариши хатти қитъаҳои боқимондаи сарҳади давлатиро дар мулоқоти навбатӣ, ки дар Қирғизистон баргузор мегардад, идома диҳанд.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 970 километр марзи муштарак доранд ва то ҳанӯз чандсад километри он таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст.
Гурӯҳҳои кории байниҳукуматӣ талош доранд, марзи боқимондаро бо дарназардошти ҳифзи манофеи дуҷониба таъйин ва аломатгузорӣ кунанд. Мулоқоти ҷонибҳо бо навбат дар қаламрави тарафайн баргузор мегарданд.