https://sputnik.tj/20231211/umar-kremlyov-rahbar-kbo-meshavad-tafsilot-1060825779.html
Умар Кремлёв раҳбари КБО мешавад? Тафсилот
Умар Кремлёв раҳбари КБО мешавад? Тафсилот
Sputnik Тоҷикистон
Ҳаводорони бокси тоҷик аз раиси IBA даъват мекунанд, ки дар бораи таҳти назорати худ гирифтани идоракунии варзиши ҷаҳонӣ андеша кунад
2023-12-11T15:50+0500
2023-12-11T15:50+0500
2023-12-11T15:50+0500
навигариҳои варзиши тоҷикистон
умар назаров
бокси касбӣ
кбо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/08/1042720742_0:42:3075:1771_1920x0_80_0_0_d2e3b0c65c80090100f94521fe2d24a1.jpg
ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Дӯстдорони варзиш ва мухлисони бокси тоҷик аз раиси IBA Умар Кремлёв даъват мекунанд, ки Кумитаи байналмилалии олимпиро таҳти идораи худ гирад. Онҳо дар ин бора дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳарф мезананд, ки дар он хэштег "Кремлёв дар КБО" сохта шудааст. Ҳамаи ин дар пасманзари ихтилофоти ахир дар КБО, ки ҳоло онро Томас Бах раҳбарӣ мекунад, сурат мегирад. Тавре маълум аст, ин созмони бокс чанд сол аст, ки барои ҳуқуқи варзишгаронаш мубориза мебарад ва КБО Ассотсиатсияи байналмилалии боксро аз эътироф накарда, аз ҳаққи баргузории мусобиқаҳои литсензионии олимпӣ дар ин навъи варзиш маҳрум кардааст. Томас Бах саъй дорад, ки аз рақобати муштзанҳо дар доираи IBA ҷилавгирӣ кунад ва овозаҳо вуҷуд доранд, ки ин созмон ният дорад як ниҳоди алтернативӣ - World Boxing-ро эътироф кунад, ки ба ҷои IBA бокси олимпиро идора кунад. Мухлисони тоҷик хостори барканории Томас Бах ҳастанд. Онҳо қайд мекунанд, ки раҳабри бокси ҷаҳонӣ Умар Кремлев ин навъи варзишро инкишоф медиҳад ва мекӯшад, ки варзишгарон ба чизе ниёз надошта бошанд. "Чаро Кремлёв набояд тамоми намудҳои олимпии варзишро дар ҷаҳон назорат накунад? Томас Бах ронда шавад!", — менависанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Бо вуҷуди ин, Додгоҳи ҳакамии варзиш то ҳол дар бораи шикояти IBA, ки алайҳи КБО ва Томас Бах равон карда буд, қарор набаровардааст. Қаблан, тирамоҳи соли 2023 Умар Кремлев аз Душанбе дидан карда, муҳаббати мухлисони тоҷикро ба даст оварда буд. Вай ба пойтахт барои мусобиқаи бокс ва мусобиқаи "Шаби қаҳрамонҳо", ки фонди ҷоизавии он мукофоти калон дошт, ташриф овард. Раиси IBA тасмим гирифтааст, ки чунин мусобиқаҳоро дар Тоҷикистон бештар баргузор кунад. Ҳамзамон, дар доираи мусобиқаи бокс мусобиқаҳои дигар, аз қабили "Бехтарин зарбаи мушт", "Кӣ аз ҳама бештар отжимани мекунад", "Кӣ аз ҳама зиёд турник мезанад" ва ғайра баргузор гардид. Масалан, Кремлёв ба ҷавоне барои зарбаи сахташ 10 000 доллар мукофот дод ва ба бачае, ки аз ҳама бештар отжимани кард, 5 000 доллар гирифт.
https://sputnik.tj/20231026/rahmon-mulokot-umar-kremlev--1060171363.html
https://sputnik.tj/20230328/bozsozi-rohi-darai-almosii-hisor-boks-1055817090.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/08/1042720742_137:0:2868:2048_1920x0_80_0_0_b1feab1c3709a042921976c8b87adb2c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
умар кремлёв раҳбар кбо тафсилот
умар кремлёв раҳбар кбо тафсилот
Умар Кремлёв раҳбари КБО мешавад? Тафсилот
Ҳаводорони бокси тоҷик аз раиси IBA даъват мекунанд, ки дар бораи таҳти назорати худ гирифтани идоракунии варзиши ҷаҳонӣ андеша кунад
ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Дӯстдорони варзиш ва мухлисони бокси тоҷик аз раиси IBA Умар Кремлёв даъват мекунанд, ки Кумитаи байналмилалии олимпиро таҳти идораи худ гирад.
Онҳо дар ин бора дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳарф мезананд, ки дар он хэштег "Кремлёв дар КБО" сохта шудааст.
Ҳамаи ин дар пасманзари ихтилофоти ахир дар КБО, ки ҳоло онро Томас Бах раҳбарӣ мекунад, сурат мегирад.
Тавре маълум аст, ин созмони бокс чанд сол аст, ки барои ҳуқуқи варзишгаронаш мубориза мебарад ва КБО Ассотсиатсияи байналмилалии боксро аз эътироф накарда, аз ҳаққи баргузории мусобиқаҳои литсензионии олимпӣ дар ин навъи варзиш маҳрум кардааст.
Томас Бах саъй дорад, ки аз рақобати муштзанҳо дар доираи IBA ҷилавгирӣ кунад ва овозаҳо вуҷуд доранд, ки ин созмон ният дорад як ниҳоди алтернативӣ - World Boxing-ро эътироф кунад, ки ба ҷои IBA бокси олимпиро идора кунад.
Мухлисони тоҷик хостори барканории Томас Бах ҳастанд. Онҳо қайд мекунанд, ки раҳабри бокси ҷаҳонӣ Умар Кремлев ин навъи варзишро инкишоф медиҳад ва мекӯшад, ки варзишгарон ба чизе ниёз надошта бошанд.
"Чаро Кремлёв набояд тамоми намудҳои олимпии варзишро дар ҷаҳон назорат накунад? Томас Бах ронда шавад!", — менависанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Бо вуҷуди ин, Додгоҳи ҳакамии варзиш то ҳол дар бораи шикояти IBA, ки алайҳи КБО ва Томас Бах равон карда буд, қарор набаровардааст.
Қаблан, тирамоҳи соли 2023 Умар Кремлев аз Душанбе дидан карда, муҳаббати мухлисони тоҷикро ба даст оварда буд. Вай ба пойтахт барои мусобиқаи бокс ва мусобиқаи "Шаби қаҳрамонҳо", ки фонди ҷоизавии он мукофоти калон дошт, ташриф овард.
Раиси IBA тасмим гирифтааст, ки чунин мусобиқаҳоро дар Тоҷикистон бештар баргузор кунад. Ҳамзамон, дар доираи мусобиқаи бокс мусобиқаҳои дигар, аз қабили "Бехтарин зарбаи мушт", "Кӣ аз ҳама бештар отжимани мекунад", "Кӣ аз ҳама зиёд турник мезанад" ва ғайра баргузор гардид.
Масалан, Кремлёв ба ҷавоне барои зарбаи сахташ 10 000 доллар мукофот дод ва ба бачае, ки аз ҳама бештар отжимани кард, 5 000 доллар гирифт.