Бозсозии роҳи дараи Алмосии Ҳисор аз ҷониби Президенти Ассосиатсияи умумиҷаҳонии бокс

© Sputnik / Константин Михальчевский / Гузариш ба медиабонкНа строительстве трассы
На строительстве трассы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2023
Обуна шудан
Президенти Ассосиатсияи умумиҷаҳонии бокс (IBA) ният дорад дар Ҳисор 20 км роҳи дараи Алмосиро таҷдид ва як мактаби варзишии бокс ташкил намояд
ДУШАНБЕ, 28 мар – Sputnik. Президенти Ассосиатсияи умумиҷаҳонии бокс Умар Кремлёв тасмим гирифтаааст, ки 20 километр роҳи дараи Алмосии шаҳри Ҳисорро аз гардиши шоҳроҳи байналмилалии Душанбе – Турсунзода навсозӣ ва таҷдид намояд, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар” дар истинод ба мақомоти шаҳри Ҳисор.
Умар Кремлёв дар суҳбат бо Раиси шаҳри Ҳисор иброз дошт, ки бо хоҳиши падар тасмим гирифтааст дараи Алмосии шаҳри Ҳисор, як гӯшаи Тоҷикистонро, ки зодгоҳи падару бобоёнаш аст, обод намояд.
Мавсуф ба раиси шаҳр мақсаду маром ва лоиҳаҳоеро, ки мехоҳад амалӣ намояд, аз қабили навсозии 20 километр роҳи дараи Алмосӣ, бунёди марказҳои бузурги савдою хизматрасонӣ ва дигар инфрасохтор лар маркази Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳиро пешниҳод намуд.
Автомобильной дорога Куляб-Хорог-Кульма-Китай от села Йогед до центра Дарвозского района - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2023
Дар ВМКБ бо арзиши 31,2 млн доллар роҳу пул месозанд
Таъкид шудааст, ки роҳ бо сифати баланд, мутобиқ ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ва бо ҷалби ширкатҳои маъруфи роҳсозии Тоҷикистон навсозӣ гардида, охири тобистони соли равон дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегирад.
Президенти Ассосиатсияи умумиҷаҳонии бокс (IBA) Умар Кремлёв бо даъвати Раиси шаҳри Ҳисор инчунин бунёди Мактаби варзишии боксро дар минтақа ба уҳда гирифта, пешниҳод намуд, ки он ба номи падараш Назар Сафаров гузошта шавад. Таклифи мазкур пазируфта шуд.
Ёдовар мешавем, ки Умар Кремлёв яке аз асосгузорони Хазинаи умумиҷаҳонии боксёрон ба ҳисоб рафта, роҳбарии Хазина ва вазифаи Президенти Ассотсиатсияи умумиҷаҳонии боксро бар дӯш дорад.
Мавсуф шаҳрванди Русия буда, соли 1982 дар шаҳри Серпуховаи вилояти Москва таваллуд шудааст.
Лентаи хабарҳо
0